Шодиёна: Падарам дарро баста модарамро кушт

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Соат 7-и бегоҳ  буд, ки падару модарам аз бозор омаданд.  Падарам дар роҳ рӯи модарамро бад бад нигоҳ кард. Чанд бор бечора модарам пурсид, ки чи шуд ба шумо? Чаро ин хел нигоҳ карда истодаед?..

Аммо падарам сахттар нигоҳ карду сабаб нагуфт. Вақте ба хона омадем ҳолати рӯҳии падарам вазнинтар шуд, яъне қаҳруҷаҳлашон зиёдтар.  Хӯроки шомро хӯрдему мо ба хонаи худ рафтем. Байни онҳо чи шуду монд мо бехабар. Танҳо нолаи ҷонкоҳи модарам ба гӯшамон расид, ки номи акоямро гирифта мегуфт:- Азизбек, Азизбек… биёед маро ҳозир додот мекушад. Аммо  падарам дари хонаи моро аз берун қулф карда буд, ки мо имкони модарамро аз чанголи ӯ раҳонидан надоштем.

Танҳо баъди садои модарам гум шудан худаш дарро кушода вориди хона шуд, ки сару либосаш пур аз хун буд. Гуфтам, ки “Дадо, чаро либосҳоятон хунолуд? Модарамро чӣ кор кардед? Чаро задед…? ” ҳамин вақт инқадар савол наҳед!-гуфту падарам як шаппотӣ ба рӯям зад ва баромада рафт.  Пас аз ним соат рӯи хонаи ҳавлии мо пури милисаю одамони бегона шуд. Моро хешони падарам гирифта хонаашон рафтанд  ва ману акоям Азизҷон рӯи модарамро дигар надидем-нақл кард духтари марҳум Шаҳноза Боймуротова- Шодиёна Тоҷимуродова.

Идомаро дар шумораи  навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                     Фарзона Муродӣ

                                                                                                              Иқболшоҳ Пирӯзов

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

Leave a Reply