• Mardon
  • 16.05.2019
  • 0

“Сипеҳри орзу”

  Тазкираи деринтизори Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ чоп шуд

Тазкираи “ Сипеҳри орзу “- и шоир ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, ки борҳо дар мавриди мушкилоти нашри он мавод ба табъ расонида будем,  аз чоп баромад. Китоб бо дастгирии директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ, академик Носирҷон Салимӣ  нашр шудааст.

Дар тазкираи мазкур сухан аз рӯзгори 170 шоиру нависанда ва муҳақиқони адабиёт меравад, ки дар охири асри XIX, асри XX ва ибтидои асри XXI дар Самарқанд зода шуда, эҷод кардаанд. Ҳамчунин,  адибоне, ки дар дигар манотиқи тоҷикнишин таваллуд шуда, дар Самарқанд ба кори эҷодӣ машғул гардидаанд, аз мадди назари тазкиранигор дур намондааст.

Қимати асосии ин тазкира дар он аст, ки ба ҷуз адибони машҳури самарқандӣ дар он аз рӯзгори эҷодкороне низ сухан меравад, ки осорашон бо сабабҳои мухталиф ҷое нашр нашудааст, балки Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ онҳоро аз архивҳои шахсӣ пайдо карда, ба тазкира даровардааст. Рӯзгори сангини адибони охири асри XIX ва аввали асри ХХ, ки мувоҷеҳи инқилоб ва таъқиботи сталинӣ шуданд, хеле ҷолиб ва ҷонсӯз аст. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мегӯяд, ки барои таҳияи ин тазкира 30 соли ҳаёти худро сарф кардааст: “Тавассути тазкираҳо сирру асрор ва рамзу рози таъриху фалсафа ва адабиёту ҳунари замони муайяне барои ворисонашон ҳифз мешавад. Масалан, агар имрӯз тазкираи “ Лубоб — ул – албоб “- и Авфии Бухороӣ ва “ Маҷмаъ — ун – наводир” – и Низомии Арӯзии Самарқандӣ, ки бо унвони “ Чаҳор мақола” маъруф аст, дар даст набуд, огоҳии мо дар бораи баъзе ҷузъиёти зиндагиномаи намояндагони барҷастаи давраҳои аввали инкишофи адабиёти оламшумуламон андаку нокифоя боқӣ мемонд. Аз файзи ҳамин тазкираҳои пурарзиш аст, ки бештаре аз ашъори суханварони даврони Сомониён, аз қабили устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, имрӯз барои мо дастрас аст. Ман ҳам 30 соли ҳаёти худро сарф карда, тазкираи адибони Самарқандро навиштам.”

 Адабиётшинос  Анзурати Маликзод, ки муҳаррири ин тазкира аст, дар мавриди қимати он мегӯяд:

“Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоири муқовиматгар ва муҳаққиқи пурталошу сарсупурдаи тоҷик ҳастанд. Мавсуф дар баробари машғулиятҳои дигари адабӣ, хосса шеъргӯиву роҳбарӣ ба “ Маркази адабии тоҷикони Самарқанд “ фурсат пайдо карда, солҳо ба гирдоварии маводи тазкираи  “Сипеҳри орзу “ аз бойгонӣ, китобхонаҳо, бойгонии шахсии адибон, тариқи пурсуҷӯву ошноӣ бо наздикону пайвандонашон ва инчунин бо ҷустуҷӯю омӯзиши бойгониҳои махфӣ дар бораи шахсият ва мероси бисёре аз адибони охири асри XIX ва аввали асри ХХ маълумоти фаровон ҷамъоварӣ кардааст. Зиндагиномаи аксарияташон, ба монанди Расул Ҳодизода, Камол Айнӣ, Ботурхони Хилъатпур ва дигарон, бо дасти худашон навишта шудааст. Бисёр аз намунаҳое, ки дар тазкира оварда шудааст, бозёфти худи устод аз бойгониҳо буда, аввалин бор ба чоп мерасанд. Маводи тазкира воқеаҳои давраи начандон тӯлонӣ буда, вале саршор аз фоҷиаву ҳодисаҳои бузурги таърихист. Аз китоби мазкур пайдост, ки сарнавишти бисёре аз аҳли сухану зиёи ин давра ба фоҷиаҳои сангин рӯ ба рӯ шудааст ва онҳо бе ҳеҷ гуноҳе ба зиндону табъид дучор омадаву зӯран аз фаъолиятҳои адабӣ дур карда шудаанд”. 

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ мегӯяд, тазкираро ба ояндагон мебахшад, то ки худшиносии миллӣ ва ғурури миллиашон боло равад:

“Дар ин тазкира вазнинтарин даврони зиндагии эҷодкорони тоҷики Самарқанд инъикос ёфтааст. Ман ин тазкираро ба миллатам мебахшам, то ояндагон донанд, ки чӣ касоне дар ин давраи сангин, дар ин давраи буҳронӣ, дар ин давраи таъқибу фишорҳо забону адаби тоҷикро дар ин куҳнашаҳри тоҷикон фурӯзон нигоҳ доштааст. Ман барои нашри тазкира аз бародарам Носирҷон Салимӣ барои дастгирии моддиву маънавиашон изҳори сипос менамоям”.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner