Сирки Росия дар Тоҷикистон

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ба таваҷҷуҳи дӯстдорони санъати ҳунарии сирк расонида мешавад, ки 27 октябри соли равон ҳунармандони Сирки Россия бо шоу-барномаи рангини «Драйв» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.

Тавре масъули барномаи ҳунарии Сирки Россия Виталий Ковалёв иттилоъ додааст, барномаҳои онҳо 28 октябр дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Ба таъкиди мавсуф, мухлисони ин навъи санъатро барномаҳои ҷолибу диданӣ интизоранд.

«Ҳунарпешагони Россия барои мухлисони ин намуди санъат барномаҳои ҷолибу рангин омода намудаанд, ки ба он бозиҳои миллии испанӣ, бозӣ бо чархофалакҳо ва дигар барномаҳои диданӣ ворид гардидаанд»,-иброз дошт Виталий Ковалёв.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи мазкур ҳамчунин бозӣ бо аспҳои шотландӣ ва ҳунарнамоии  гимнастҳои ҳавоӣ,  дорбозҳо, чашмбандон, масхарабозон ва кордбозҳо дохил мешавад.

Дар ин барнома ороиши саҳна ва мусиқӣ бо усули хосса интихоб шуда, табъи ҳозиринро болида мегардонад.

Намоишҳои аввалин 28 октябр соатҳои 12.00 ва 16.00 баргузор мешаванд.

Арзиши чипта аз 30 то 80 сомониро ташкил дода, даромад барои кӯдакони то 3-сола бо шаҳодатномаи таваллуд ройгон аст.

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир ҳамкории Сирки давлатии Тоҷикистон бо ҳунармандони сиркҳои кишварҳои хориҷӣ боз ҳам мустаҳкамтар гардида, пешниҳоди омаду рафт ва таҳияи барномаҳои ҷолиб миёни ҳам беҳтар мешавад. Аз ҷумла, намоиши барномаҳои сиркбозони тоҷик хеле ҷолиб гардида, сафарҳои кории онҳо ба хориҷи дуру наздик афзудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Сирки Росия дар Тоҷикистон

  • Оооооо. Зурку. Меравем. Ман хеле интизор будам. Сирки Россия дар ҳақиқат ҳам зӯр лекин.

Leave a Reply