Ситораи Зулфия дар кайҳон

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Маркази омӯзиши ҷирмҳои осмонии Лондон ситораеро дар кайҳон ба шарафи Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ «Зулф” ном  ниҳодааст.

Зулфия Атоӣ, Шоири халқии Тоҷикистон дар рӯзи зодрӯзаш тӯҳфаи аз лиҳози вусъату миқёс дар ҳақиқат кайҳониеро дарёфт кард. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, рӯзи 15 июн Маркази омӯзиши ҷирмҳои кайҳонӣ, ки дар шаҳриЛондон, пойтахти Бритониёи Кабир ситораеро дар кайҳон ба шарафи Зулфия Атоӣ «Зулф” ном додааст. Ин ситора таҳти рақами  25290¬_415 сабт шуда, тулӯи мустақимашро дар бурҷи  Gemini  06H06m48.66s ва тамоилашро дар кунҷи 23 ◦38’18.97 муайян кардаанд.

Зулфия Атоӣсоли 1977 Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскавро дар риштаи шоирӣ хатм кардааст. Зулфия Атоӣ соли 1979, вақте ҳамагӣ 25 сол дошт, ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта шуд. Ӯнахустин китоби худро бо номи «Ҷиҳоз”дар синни 23 дар соли 1977 чоп кардааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply