Соати 10 Муҳаммадрафии Кароматулло меҳмони «Оила» мешавад!

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ба диққати ҳаводорони санъати сарояндаи маҳбубу овозадор Муҳаммадрафии Кароматулло мерасонем, ки имрӯз дар идораи «Оила» сӯҳбати ошкорро бо хушсадотарин сарояндаи эстрада, роҳбари ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ногуфта намонад, ки мулоқот аз соати  10 то 12 баргузор гашта, аз ҷониби Муҳаммадрафӣ барои саволи беҳтарину ҷолиб  тӯҳфа яъне чиптаи консерт ба мухлисонаш тақдим карда мешавад.

-Мехоҳед донед, ки дар консерти Муҳаммадрафӣ кадом сарояндаҳо ташриф мекуннад?
-Рост аст, ки Нозияи Кароматулло дар консерти бародараш меҳмон шгуда, бо ӯ якҷоя бадеҳаи зебо месароянд?
-Дар ҳақиқат Юлдуз ба консерти Муҳаммадрафӣ меояд?
-Ин ва дигар суолу дархостҳоятонро имруз расо соати 10 то 12 сарояндаи азизи дилҳо Муҳаммадрафии Кароматулло ошкоро посух мегӯяд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Соати 10 Муҳаммадрафии Кароматулло меҳмони «Оила» мешавад!

  • Он бори якум нест ки Мухамадрафи мехмони «Оила»мешавад.

Leave a Reply