• Бахтовар Сафаров
  • 11.01.2019
  • 0

Сокини Кӯлоб калонтарин дойраи ҷаҳонро сохт

Устои ҷавон, сокини шаҳри Кӯлоб Саиднодир Ҳайдаров дойрае сохтааст, ки калонтарин дар ҷаҳон мебошад, навиштааст «АП».

Саиднодир Ҳайдаров қариб муддати 100 рӯз рӯйи сохтани ин дойра  заҳмат кашидааст.  Масоҳати дойра – 1,7 метр ва вазнаш 34 кило мебошад. «Ин кӯшиши дуюмам аст. Аввали соли гузашта бо шогирдонам дойраи масоҳаташ 1,5 метр сохтем. Сипас тасмим гирифтам, ки рекорди худамро беҳтар кунам ва дойраи андозааш калонтарро сохтам», — мегӯяд усто. Устои 30-солаи асбобҳои мусиқӣ ният дорад, ки маҳсули дастонашро ба Китоби рекордҳои Гиннес номнавис кунад.

Хотиррасон менамоем, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021  Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст ва маҳсули ҳунари Саиднодир Ҳайдаров туҳфаи хубе ба ин муносибат ва барои сайёҳони дохилию хориҷӣ қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд.

ДАР АКС: Саиднодир Ҳайдаров (аз чап якум).

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.