• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 27.02.2019
  • 153
  • 0

«Сонмин Сунбогим» дар Хуҷанд бехона шуд

Бо қарори Суди иқтисодии Суғд ду бинои калисои «Сонмин Сунбогим» дар Хуҷанд ба ихтиёри кӯдакистон бозгардонида мешавад ва қарори додгоҳ дар ин бора нерӯи қонунӣ гирифтааст.

Ин биноҳо соли 1995 бо қарори раиси шаҳри Хуҷанд ба мӯҳлати 38 сол ба калисо ба иҷора дода шуда буд ва мақомоти маориф он қарорро нодуруст номида, чор сол боз бо роҳи додгоҳӣ талош доштанд онро бекор кунанд. Вале соли 2014 ва соли гузашта суд даъворо ба нафъи созмони динии «Сонмин Сунбогим» ҳал карда буд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.