• Бахтовар Сафаров
  • 10.01.2019
  • 0

Сояи Ҳоҷӣ Ҳалим намегузорад, ки адолат тантана кунад

Номаи мазкурро аз Муассисаи тафтишотии ЯТ 9/1 ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” расонданд. Дар ин нома муаллиф аз мақомоти Прокуратураи генералӣ хоҳиш менамояд, ки бинобар ба доми  шаҳрванди Хитой бо номи  Ҷон  И Хуа афтода, фиреб хӯрданаш ва бегуноҳ ба ҷазо кашида шуданаш, комиссияи махсус ташкил карда шуда, парвандаи ӯ мунсифона баррасӣ гардад. Нома ихтисоран ва бо таҳрир чоп мешавад.

Бахт ба рӯи ман нахандиду бо шахсе бо номи Ҷон И Хуа, ки он вақт директори Ширкати чинии “Лен Хуа” буд, шинос шудам ва ҳамчун директори Ширкати “Азия Тур” бо ӯ шартономаи ҳамкорӣ бастам. Қабл аз бастани шартнома Хуа маро ба Пекин бурда, заводҳоеро, ки бояд дар асоси шартнома ба ман маҳсулоти фармоишшударо мефиристоданд, шинос кард. Пас аз ин кор ва чандин амалҳои дигаре, ки барои ба боварии ман даромадан иҷро кард, ман боварӣ ҳосил намудам, ки ба ин шахс бовар кардан мукин аст. Мутаассифона, намедонистам, ки ин шаҳрванди чинӣ  боз чанд нафари дигареро ба доми худ афтонда будааст ва дар зери ҳимояи генерал Ҳоҷӣ Ҳалим қарор доштааст. Занеро бо номи  Қурбонбегим Акназарова ба маблағи 180 ҳазор доллар ва як ҳамшаҳрии худаш Зен Ли Сянро  бошад, ба  маблағи  360 ҳазор доллар фиреб дода будааст. Хулоса, ман бехабар аз найрангҳои Ҷон И Хуа дар асоси мактуби кафолатии ӯ аз бонк пул гирифта,  5 адад самосвалҳои 23- тоннагӣ 1 адад, автокрани 25 — тоннагӣ ва 4 адад мошинҳои сабукрав фармоиш додам. Аммо моҳҳо гузаштанду аз ин техникаҳои фармоишдодшуда ягон дона ба Тоҷикистон ворид нашуд. Ӯ танҳо ваъдаҳои пуч медоду халос.Баъд бо дасти худ ба бонке,ки маблағ дода буд, мактуби кафолатӣ дод ва мутмаин кард,ки агар техникаро дар вақташ ворид насозад, фоизи бонкро медиҳад. Аммо ба ваъда вафо накард.  Маҷбур шудам, ки соли 2014, моҳи апрел ба суди иқтисодии шаҳрӣ муроҷиат кунам ва  суд ҳалнома баровард, ки маблағи 583 ҳазору 604 ҳазор доллар ба фоидаи ҶДММ – “Азия Тур”  яъне, ба фоидаи ман ва бонки маблағдода баргардонида шавад. Аммо намояндагони Хуа дар шахси зердастони Ҳоҷӣ Ҳалим маро огоҳ намуданд, ки дар ҳолати идома додани даъво “ҳаққи маро медиҳанд”, зеро генерал анборҳои худро ба ихтиёри Ҷон И Хуа дода будааст ва ӯ дар қатори дӯстони Ҳоҷӣ Ҳалим медаромадааст.   Хайрият, ки ин генерали ошӯбгар кушта шуд ва ман гумон кардам, ки акнун бемамониат маблағҳои худро бармегардонам. Аммо баробари нест шудани Ҳоҷӣ Ҳалим, Ҷон И Хуа ҳам ба Хитой фирор карду аз ҳамон ҷо истода, ба рафти зинаҳои гуногуни судҳо дахолат кардан гирифт. Акнун намояндаи ӯ ба ҷои Хуа даъво мекард, ки гӯё хати кафолати додааш сохта бошад. Ҳол он,ки ин хатро худи Ҷон И Хуа ба бонк супорида буд ва дар ин бора кормандони бонк хуб огоҳ ҳастанд ва метавонанд инро тасдиқ кунанд.  Хулоса, кор ба ҷое расид, ки маро ба ҳабс гирифтанд ва бехонаю дар карданд. Чандин бор ба сохторҳои болоӣ дар ин бора навиштам, вале боз ҳам бефоида. Онҳо ба як дӯсти генерали ошӯбгар бовар мекунанду бо ҳуҷҷатҳое, ки бо дастони худаш имзо гузоштааст, не. Зеро кадом “соя”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ҳанӯз ҳам  Хуаро дастгирӣ мекунад ва намегузорад, ки ҳақ ба ҳақдор расад. Чора чист? Ҳоло ягона роҳро ман дар он мебинам, ки аз    ҷониби Прокуратураи генералӣ дар ин маврид комиссияи махсус ташкил шуда, ин моҷароро аз аввал то охир таҳқиқ кунанд ва хулосаи воқеӣ бароранд. Умед дорам, ки муфаттишони бовиҷдоне пайдо шуда, дар асоси фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша таъкид менамоянд, ки “…кормандони  ҳифзи ҳуқуқ бо дасту дили пок”  кор кунанд, мани туҳматшударо аз банди бало раҳо мекунанд.

Каромат Содиқова,

маҳкумшуда аз муассисаи ЯТ 9/1

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner