Спитамен: Муноқишаи оилавӣ бо куштор анҷомид

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба маълумоти ВКД, 11-уми майи соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, марди 39-солаи сокини ноҳияи Спитамен дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 28-сола аз сабаби муноқишаи оилавӣ ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба гардани ӯ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Номбурда аз ҷониби кормандони милитсия бо ҷурми одамкушӣ дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply