Суғд-20 ҳазор килограмм хурмои қочоқӣ дарёфт гардид

СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд,  20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмои истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон дарёфт карданд. Маҳсулоти мазкур ба шаҳрванд Р.Ш таалуқ дошта аз манзили ҳисти ӯ воқеъ дар маҳаллаи 3-юми ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар рафти гузаронидани амалиёти гумрукӣ дарёфт гардидааст.

Мувофиқи маълумоти  Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, шаҳрванд Р. Ш., соли таваллудаш 1987 моли мазкурро ба таври қочоқӣ ва бе назорати гумрукӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистондаровардааст.

Арзиши умумии 20 ҳазору 450 килограмм меваи хурмо 421 ҳазору 923 сомониро ташкил дода, дар рафти корҳои санҷишӣ соҳибиби он ягон ҳуҷҷатҳои гумрукии мутаалиқ ба ин молро пешниҳод карда натавонист.

Мутобиқи  моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи ин ҳолат нисбат ба  шаҳрванд Р.Ш парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсолкарда шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply