Суғд: Ҷанҷоли ҳамқадаҳон бо куштор анҷомид

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бино ба маълумоти ВКД,14 майи соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми дар хонаи истиқоматии марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамдигар (миллати ҳардуяшон рус) ҷанҷол намудаанд.

Сипас, марди 33-сола бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани марди 31-сола бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, 2-маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурда задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply