• Фарзона Муроди
  • 21.03.2018
  • 2

Суғд: Аёдати ятимон ва шахсони имконияти маҳдуддошта дар рӯзи Наврӯз

20 марти бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 15 нафар ҷавонони имконияташон маҳдуд, камбизоат, ятиму бепарастор ва ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Б.Ғафуров аёдат ва кӯмаки моддии яквақтаина расонида шуд- гуфт Роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Норматов Шодмон.                                                                                                                                     

Дар  вақти аёдат намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ҷавонони  аёдатшудагонро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, бо суханони неку созанда таъби  эшонро  болида  намуданд.

Яке аз ҷавонони аёдатшудаи имконияти маҳдуддошта  Хуршед ном дорад, ки ӯ бори аввал аз кӯмаки масъулини сохторҳои гуногун бархӯрда нашудааст: -Раҳмат ба Пешвои миллат, ки дар ҳар баромади худ ба масъулин ёдовар мешаванд, ки ман ва ҳамтақдиронамро фаромуш насозанд, аёдат кунанд ва дасти мадад дароз намоянд.  Раҳмат ба раиси вилоят ва раисони  шаҳру ноҳияҳо, раҳмат ба ҳамаи он Раёсату кумитаҳо, ки ҳамеша дар арафаи ҳар иду айём моро аёдат мекунанд. Раҳмат ба имрӯза кормандони ҷавонон, ки моро аёдат карда, хеле шод намуданд-изҳори миннатдорӣ кард, Хуршед.  

 

                                                                              Фарзона Муродӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью с друзьями:


2 комментариев

  • Умед:

    Фаччалогия! Вой бар ҳоли ин хел хабарнигор! Карру фарротон олама мегирад бо.

  • Нодир Олимов:

    Фарзонахонро 4сол боз мешиносам, ҳеҷ кару фаре надоран. Илова бар ин хабар хеле хуб аст. Шояд худро Умед муаррифӣ карда тамоман каси дигар бошӣ ва ғаразҳои шахсиятро бо баҳонаи шарҳ навиштаӣ?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.