• Administrator
  • 24.11.2017
  • 0

Суғд: Донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд худро дор кашид

Йигиталӣ Алибоев, як донишҷӯи 19-солаи шӯъбаи духтури дандони коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд субҳи 23 ноябр худро дар оғили манзили истиқоматиашон дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт ба дор овехтааст. Сабаби худкушии ин донишҷӯ ҳанӯз маълум нест.

Субҳи 23 ноябр, соати тақрибан 9 донишҷӯи курси дуюми ихтисоси шӯъбаи дандонсозии Муаассисаи давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Алибоев Йигиталӣ Абдусаломович дар оғили ҳавлии истиқоматияшон дар ноҳияи Ашт худро ба дор овехта, худкушӣ кардааст.

Ин ҷавони 19-сола сокини деҳаи Ошобаи ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт буда, миллаташ ӯзбак мебошад.

Аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба сомонаи «Ахбор» гуфтанд, ки Йигиталӣ сардори гуруҳашон буд ва дар коллеҷ хуб таҳсил мекард. Устодони муассиса ҳам дар ҳайратанд, ки чаро ӯ даст ба худкушӣ задааст.

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт, ҷасади Йигиталӣ Алибоевро барои ташхис ба мурдахонаи ноҳияи Ашт интиқол додаанд. Тафтиши ин ҳодиса давом дорад.

97 дарсади сокинони Тоҷикистон пайрави дини Исломанд. Ислом худкуширо маҳкум мекунад ва ҳатто хондани намози ҷанозаи онҳоеро, ки дониста қасди ҷони худ мекунанд, манъ кардааст.

Бо ин вуҷуд, ҳар сол дар Тоҷикистон садҳо нафар даст ба худкушӣ мезананд. Беш аз нисфи ин мавридҳои худкушӣ дар вилояти Суғд сабт мешавад. Ҷомиашиносон ва равоншиносон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии хонаводаҳо ва ноумедӣ ба як ояндаи беҳтарро як иллати аслии аз зиндагӣ буридан ва ба ҷони худ қасд кардани мардум мешуморанд.

Бино ба омори расмӣ, соли 2014 дар Тоҷикистон 550 нафар ва дар соли 2015 624 нафар қасди ҷони худ кардаанд. Соли гузашта дар Тоҷикистон 327 мавриди худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт шудааст. Аз ин шумор 159 нафараш мардон, 168 нафар занон ва 55 тани дигар ноболиғон будаанд.

Бознашр аз Ахбор

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner