• Бахтовар Сафаров
  • 13.02.2019
  • 211
  • 0

Судшуда аз дохили масҷид 1580-сомониро дуздид

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки санаи 8-уми январи соли 2019, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили масҷиди ҷомеаи “Бобохуҷа” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 1580-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳро, ки пеш бо моддаҳои 265 ва 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

ВКД

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.