• Mardon
  • 10.05.2019
  • 0

Таҷаммӯъи мақомоти ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Душанбе

13-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри  Душанбе нахустин вохӯрии  роҳбарони  ширкатҳои  ҳавопаймоии  Осиёи Марказӣ оид ба масоили рушди авиатсияи граждании минтақа  баргузор  мегардад. 

Аз хадамоти матбуотии Ширкати  ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар доданд, ки вохӯрӣ гирди мизи мудаввар сурат гирифта, боибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар  ҳамдастӣ  бо  Агентии  авиатсияи  граждании  назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ассосиатсияи байналмилалии  нақлиёти ҳавоӣ (IАТА) гузаронида мешавад. 

Мизи мудаввари мазкур дар силсилаи вохӯриҳои  банақшагирифта  нахустин иқдом буда,  барои  баррасии  мушкилоти минтақавӣ,  ки  садди  рушди  авиатсияи  граждании  минтақа  гардидаанд,  ҳамчунин  роҳандозии  иқдомҳои  муштараки ширкатҳои  ҳавопаймоӣ,  ҳукуматҳои  кишварҳо  ва  ҷонибҳои  дигари  ба  рушди  минбаъдаи  авиатсияи  граждании  Осиёи Марказӣ мароқ дошта бобати афзоиши гардиши мусофирон, васеъкунии парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо имконият фароҳам меорад.

Иштирокдорони мизи мудаввар  ҳамзамон  шарҳи  афзалиятҳои  ҷории  авиатсияро  дар  минтақа ва дурнамои иқтисодиро барои солҳои наздик, «танзими оқилона»ва татбиқи он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷанбаҳои бехатарии парвозҳо, воридсозии аудити бехатарии истифодабарии IATA (IOSA)-ро ба танзими миллӣ, навигатсияи ба нишондиҳандаи иқтидорҳо асосёфта, таъмини устувори сӯзишворӣ, таҳлили пардохтҳои фурудгоҳӣ дар минтақа ва масъалаҳои дигарромуҳокима хоҳанд кард.

 Тавре интизор меравад, дар кори мизи мудаввар  роҳбарони  ширкатҳои  ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва  «Авиа Траффик»  (Қирғизистон) ширкат варзида, намояндагони Ассосиатсияибайналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ба ҳайси нозирону коршиносон ҳузур хоханд дошт.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner