Тадбирандешӣ мебояд на «обсофкунӣ»

ИҚТИСОД, Слайдер, ТОҶИКИСТОН

Назар Одиназода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, илова намудааст, ки “мо наметавонем ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтиро маҷбур кунем, ки маҳсулотро аз нархи воридотӣ арзон фурӯшанд». 

Ахиран, сохторҳои зиддахл эътироф карданд, ки афзоиши нархи сӯзишворӣ дар мамлакат сунъӣ набуда, ба омилҳои берунӣ рабт дорад. Сабаби асосии болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба афзоиши қимати он дар ҷаҳон, махсусан Россия ва Қазоқистон вобаста аст. Бинобар боло рафтани нархи нафт дар биржаи Санкт-Петербург нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон низ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Назар Одиназода, муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, илова намудааст, ки “мо наметавонем ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтиро маҷбур кунем, ки маҳсулотро аз нархи воридотӣ арзон фурӯшанд».
Тибқи маълумоти дастрасшуда, талаботи солона ба маводи сўзишворӣ дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 890 ҳазор тонна мебошад, ки ин нишондиҳанда аз 400000 ҳазор тонна бензин, 680000 тонна сўзишвори дизелӣ, 250000 тонна гази моеъ таркиб ёфтааст. Айни замон ба воридоти маводи сўзишворӣ 204 ширкати хурду бузург ва соҳибкорони инфиродӣ машғуланд.
Мутаассифона, маълумоти доир ба ин масъала аз ҷониби сохторҳои зиддахл пешниҳодшуда кофӣ набуда, маҳз мавҷудияти холигоҳи иттилоотӣ боиси пайдо шудани сару садоҳо, аз ҷумла “саҳм” доштану манфиатдор будани ширкатҳои асосии воридкунандаи ин намуди маҳсулот ба болоравии нарх гардидааст. Табиист, ки ин омил аҳли ҷомеаро то андозае гумроҳ намуда, самаранокии иқдомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои марбута ва ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтиро зери суол мебарад. Минҳайси журналист кӯшиш намудам шарҳи ин масъаларо аз масъулин дастрас ва пешниҳоди аҳли ҷомеа намоям. Вале аксарият аз тавзеҳи ҳолати баамаломада худдорӣ карданд, ки ин ҷо овардани “сабаб”-ҳоро ҷоиз намедонам. Масъулини яке аз ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ бо шарти ифшо накардани номаш гуфт, ки “бояд дуруст дарк намоем, ки нефт ашёи хом аст, ки дар заминаи истифодаи неруи зиёди корӣ ва техникаву технология аз он маҳсулот истеҳсол мегардад. Дар баробари коркарди нефт интиқол, барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидан аз назорати сохторҳои марбутаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҷойгиркунонӣ дар нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ низ аз ҷумлаи хароҷоти иловагӣ маҳсуб ёфта, танҳо баъд аз анҷоми ин муқаррарот ба муштариён пешниҳод мегардад. Дар маҷмўъ зиёда аз 40 фоизи нарх ба арзиши аслии нефт умуман рабт надошта, ба нукоти дар боло зикршуда вобаста аст.
Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки айни замон қисми зиёди маҳсулоти нефтӣ маҳз аз Федератсияи Россия ба мамлакат ворид шуда истодааст. Дар робита ба ин савол додам, ки чаро масъулин барои ба роҳ мондани воридоти ин намуди маҳсулот аз кишварҳои дигар, ба мисли ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Туркманистон иқдом наменамоянд?
Доир ба ин масъала масъулини ширкатҳои азими воридкунандаи ин намуди маҳсулот муътақиданд, ки дар шароити кунунӣ анҷоми ин амал қариб, ки ғайриимкон аст. Дар кишварҳои зикршуда бо вуҷуди доштани захираҳои зиёди нефт, коркарди он ба андозае нест, ки онро тавонанд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ҷумҳурии мо содирот кунанд. Барои мисол, Ҷумҳурии Туркманистон қисми зиёдатии маҳсулоти истеҳсолнамудаашро бо дарназардошти манфиати бештар доштан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот менамояд. Дар Ҷумҳурии Ўзбекистон қариб тамоми воситаҳои нақлиёт ба воситаи гази табиӣ ҳаракат мекунанд ва ин омил гувоҳӣ он аст, ки ин кишвар низ имкони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот намудани маҳсулоти нефтиро надорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вуҷуди зиёд будани захираҳои нефт, коркарди он то ҳадди ниҳоӣ таври густурда ба роҳ монда нашудааст. Ин аст, ки кишвари мазкур ҳамасола аз Федератсияи Россия бензин ворид менамояд. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки танҳо соли гузашта ин нишондиҳанда (бензини аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Қазоқистон воридгардида) 2 миллион тоннаро ташкил додаст.
Аз суҳбат бо ашхоси огоҳ маълум гардид, ки болоравии арзиши маҳсулоти фавқуззикр асосан ба фасли тобистон хос аст. Зеро дар ин мавсим корхонаҳои бузурги истеҳсолкунандаи ин намуди маҳсулот бинобар гузаронидани корҳои профилактикӣ фаъолияташонро як муддат мутаваққиф менамоянд ва бо ин сабаб камчинии маҳсулот ба миён меояд.
Ин аст чанд сабабе, ки боис ба болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти нефтӣ шудааст. Хулосаи ниҳоӣ ин аст, ки вазъияти баамаломада ҳамоҳангиро тақозо дорад. Бо инобати гуфтаи боло санги маломат задан ба сари ширкатҳои мавқеи ҳукмфармоидошта мантиқан нодуруст буда, онҳоро бо роҳҳои имконпазир ва аз лиҳози қонунгузорӣ қобили қабул дастгирӣ бояд кард. Зарур аст, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлис Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт фаъол гардад. Дар маҷмӯъ, масъулини сохторҳои зиддахли давлатиро мебояд дар якҷоягӣ бо ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нефтӣ пайи муътадил намудани нарх чораандешӣ кунанд, зеро рисолати онҳо тадбирандешист на “обсофкунӣ”.

Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply