Такрор дар телевизион на ҳамеша модари дониш аст!

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ

Ҳар вақте ки аҳли хонавода барои тамошои барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон азм мекунем, аз карда пушаймон мешавем.
Чӣ Шабакаи «Тоҷикистон»-у чӣ «Сафина», чӣ «Чаҳоннамо»-ю чӣ «Баҳористон», шабакаҳои телевизионии «Синамо», «Варзиш», «Футбол», «Шаҳнавоз» ва ғайраву ҳоказо бо зарурату бе зарурат тамошои иҷбории матолибро аз сафарҳои расмии корӣ, барномаҳои консертии обшуста аз чорабиниҳои фарҳангии шаҳру ноҳия ба шаҳрвандон бор мекунанд. Ин амали нигаронкунанда сари даҳҳо барномаҳои фарҳангию иҷтимоии ҷолибу дидании кормандони эҷодии телевизионҳоро мехӯрад.
Албатта, дар бораи муваффақиятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии кишвар бештар воқиф гардидан хеле хуб аст. Аммо такрор ба такрор таъкид намудани онҳо на ҳамеша муфид аст. Ба фикрам, шунидани дастовардҳо ҳамон вақт муассиру ибратбахш мешавад, ки телевизионҳои давлатӣ ба хотири расмиёт аз инъикоси мушкилоти ҷомеа ва шаҳрвандон нагурезанд. Бо кормандони телевизионҳо гоҳ-гоҳе дар бораи ин гуна расмиятчигии шабакаҳо суҳбат мекунем. Китф дарҳам кашида мегӯянд, ки «ин супориши роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ аст».
Ё роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ низ матолиби расмиро аз ноилоҷӣ такрор ба такрор дар ҳамаи шабакаҳои телевизион пахш мекунонанд?


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Такрор дар телевизион на ҳамеша модари дониш аст!

  • Дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон барномаҳои ҷолибу диданӣ кам аст. Лекин кормандони соҳа бисёр талош меварзанд, ки дар сатҳи хуб барномаҳо омода намоянд.

Leave a Reply