• Mardon
  • 01.05.2019
  • 1

«Тангно»-и «Суғдсинамо» аз Қазон ҷоиза овард

Филми бадеии «Тангно»-и режиссёри тоҷик Муҳиддини Музаффар дар 15-ум Кинофестивали байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон ҷоизаи «Беҳтарин сенарияи филми пуррамераж»-ро соҳиб шуд. Маросими супоридани ҷоиза ба ин филм дар расми ихтимоми ин фестивал шоми дирӯз баргузор шуд.

Дар 15-ум Кинофестивали байналмиллалии филмҳои мусалмонии Қазон – 2019 маҳсули дастранҷи филмсозони 44  давлати дунё иштирок карданд ва Шоҳҷоизаи он насиби филми бадеии «Суруди дарахт»-и  режиссёри қирғиз Айбек Дайирбеков шуд. «Тухм» ном филми бадеии режиссёри турк Семих Капланоглу бошад ҷоизаи «Беҳтарин режиссёр» ва «Тангно»-и филмсозони тоҷик ҷоизаи беҳтарин сенарияро сазовор гардид. 

«Тангно» — филми бадеии истеҳсоли Киностудияи давлатии «Суғдсинамо» буда, аз рӯйи асари ҳамноми Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сорбон аз ҷониби сенарянавис Бахтиёр Каримов филмнома шудааст.

Муҳоҷират, азоби занони танҳомондаи тоҷик, рӯзгори кӯдакони дур аз падар ва паёмадҳои ин раванди ҳамагонӣ мӯҳтавои филмро ташкил медиҳад. 

«Тангно» ягона филми «Суғдсинамо» набуда, қаблан ин киностудия филмҳои бадеии «Коса», «Паймон», «13 соли интизорӣ» ва «Вақте, ки сайёра ранг иваз» мекунадро таҳия кардааст, ки ҳар яке соҳиби ҷоизаҳои ватаниву хориҷӣ гардидаанд.

Режиссёр Муҳиддини Музаффар яке аз чеҳраҳои ҷавон, аммо маъруфи  кинову театри тоҷик аст, ки дар вилояти Суғд кор фаъолият мекунад. Ӯ қаблан саррежиссёри Театри мазҳакавӣ мусиқии Конибодом буд ва бо асари таҳиякардаи худ «Шоҳ Лир» ҷоизаи яке аз Ҷашнвораҳои Лондонро ба даст овард. Чанд рӯз пеш трактовкаи ӯ аз рӯйи асари «Мактаби кӯҳна»-и устод Садриддин Айнӣ дар фестивали театрҳои касбӣ «Парасту 2019» сазовори ҷойи аввал гардид.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Anonymous:

    Мухиддини Музаффар
    Бехтарин режиссёр молодец ☝️

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner