• Бахтовар Сафаров
  • 11.01.2019
  • 0

Тарабхонаи бразилии «Латино» — дар Душанбе!

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии   Душанбе  озмун барои интихоби лоиҳаҳои  беҳтарин тарабхонаҳои шаҳриро ҷамъбаст намуд.  Тибқи шартҳои озмун, се ғолиби он  барои амалисозии лоиҳаашон дар пойтахт имкон пайдо мекунанд.

Ҳамин тариқ,  аз байни беш аз 50 лоиҳаи пешниҳодшуда ҷои аввал   насиби лоиҳаи  тарабхонаи бразилии «Latino» гардид, ки аз ҷониби ширкати «Cool design» таҳия шуда, 150 ҷои нишаст дорад.

Лоиҳаи тарабхонаи туркии «OZYURT» бо 120 ҷои нишаст,  ки аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш» пешниҳод гардидааст,  ҷои  дуюмро гирифт.

Ҷои сеюм  ба лоиҳаи тарабхонаи миллӣ дода шуд, дорои 160 ҷои нишаст буда, аз  ҷониби КВД «Душанбешаҳрсоз» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Сарраёсати  меъморӣ ва шаҳрсозии  Душанбе илова намуд, ки минбаъд, бар асоси қарори Раиси шаҳр, лоиҳаҳои мазкур дар пойтахт амалӣ хоҳанд шуд. Муаллифони лоиҳаҳои ғолиб бо дипломи Шӯрои шаҳрсозии назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе тақдир карда мешаванд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner