«Таронаи Наврӯз» баргузор гашт

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Дирӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев шоу  барномаи консертӣ бо иштироки сарояндаҳои машҳури тоҷик ва афғон таҳти унвони «Таронаи Наврӯз» баргузор гардид.

Сарояндаҳои машҳури кишвар Нигина Амонқулова, Мино, Зулайхо Маҳмадшоева, Валиҷон Азизов, Фарангиси Дунё ва сарояндаҳои афғон Амирҷон Сабурӣ, Руё Дуст , Меҳдӣ Фаррух, Зоҳир Бохтарӣ ва Раса Размарӣ ба консерт ташриф оварданд. Ровиёни базм Мубориз Усмонов ва Фарангиси Дунё меҳмононро ба толор хуш омадед гуфта бо як таронаи зебои Валиҷон Азизов консертро ҳусни оғоз бахшиданд.

 

Ташкилкунандаи консерт Азимҷон Ҳикматуллоев ба хабарнигорон гуфт, ки ин консерт бо сарпарастии ширкати ҳавопаймоии Kam Air сурат гирифт. Мавсуф кайд кард ки дар рӯзи таҷлили ин консерт мо Меҳмононро аз телевизиони AMC TV Afghanistan, телевизиони мусиқии Лондон, телевизиони BBC ва хабарнигорони газетаву сомонаҳои ватаниро даъват намудем. Ногуфта намонад, ки ин консерт бахшида ба иди зебои наврӯзи аҷам баргузор гардида истодааст.

Азимҷон дар охир гуфт ки ин консерт ба хотири пул кор кардан набуд танҳо ташвиқу тарғиби сарояндаҳои тоҷику афғон ва  дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардонидани онҳост.  Ин гуна чорабиниҳо муносибатҳои моро бо ҷаҳониён яъне бо форсзабонҳо боз ҳам қавитар месозад, қайд намуд номбурда.

Ду ҳунарманди маҳбуби тоҷик Хусрав Амонқулов ва Хайём Умаров низ бо дастгирии ширкати ҳавопаймоии Kam-Air дар консерт ширкат намуданд. Овозхони машҳури тоҷик Мино қайд намуд ки «Мо аз ин ташкили консерт хеле шод гаштем ,зеро ин консерт дар шинохти фарҳанги ду давлат саҳми босазо дорад. Аз ин лиҳоз моро мебояд санъати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем».

Рустам Азимӣ

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply