• Administrator
  • 07.02.2019
  • 0

Ташкили фоҳишахонаву кордкашӣ аз хабарҳои ВКД

Даромади муфт аз ҳисоби ташкили фоҳишахона

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 6-уми феврали соли 2019 хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 31-солаи сокини пойтахт ва зани 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, марди 33-сола ва зани 30-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо корди хоҷагӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Спитамен бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми феврали соли 2019, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар рӯ ба рӯи осоишгоҳи “Сарчашма” бо марди 54-солаи сокини деҳаи Сафедтеппаи ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи оштинопазирӣ ҷангу ҷанҷол карда, сипас марди номбурда бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба тарафи чапи шикамаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати марди гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner