Телевизиони Ӯзбекистон аз боз шудани гузаргоҳ хабар дод

ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ХАБАРИ ТОЗА

Телевизиони давлатии «Ӯзбекистон 24” бо нашри як гузориши видеоӣ хабар дод, ки аз рӯзи 10 феврал гузаргоҳи Андархон – Патар дар марзи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона бо минтақаи Конибодоми Тоҷикистон барои равуои мардум боз шудааст. Сокинон метавонанд то 5 рӯз бидуни виза ба қаламрави ду кишвари ҳамсоя сафар кунанд.

Дар гузориши телевизиони давлатии «Ӯзбекистон 24» аз гузаргоҳи марзии Андархон – Патар сокинони ду тарафи марз аз фароҳам шудани имкони равуои озод байни ду кишвари ҳамсоя изҳори хурсандӣ мекарданд.

Бар асоси тавофуқ, ҷониби Ӯзбекистон дар гузаргоҳи Андархон – Патар режими сабуктар барои равуои мардумро ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла сокинони Конибодом метавонанд то 5 рӯз бидуни виза ба Ӯзбекистон сафар кунанд. Барои ин чун дар гузашта ба онҳо ҳатман доштани барқия аз хешутаборашон аз он сӯи марз дигар шарт нест.

Гузаргоҳи Андархон – Патар ва дар маҷмӯъ 9 гузаргоҳ дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон аз соли 2009 ба ин тараф бо қарори ҷониби Тошканд баста шуда буд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply