Тиҷорат байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду маротиба зиёд шуд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Гардиши тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 117 миллион доллар расид, ки нисбабат ба давраи гузашта ду маротиба зиёд мебошад.
Дар ин бора ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло 16 гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият менамоянд, ки дар ин ҷодаҳо интиқоли молу маҳсулот аз ҷониби шаҳрвандон монеа нест. Танҳо шаҳрвандон то 50 кг молро, ки арзишаш аз 1000 доллар зиёд набошад, бидуни пардохтҳои гумрукӣ гузаронида метавонанд. Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук баъди кушода шудани сарҳад байни ду ҳамсоякишвар баъзе шахсони манфиатдоре пайдо шуданд, ки аз ин сӯистифода карда, молу колоро бидуни ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ворид кардан мехостанд. Аммо мақомоти гумрук дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тавонистанд, ки пеши ин гуна ҳолатҳоро гиранд. Ба таври мисол, 435 ҳазор дона тухми мурғ, ки барои истифода корношоям шудааст, кормандони мақомоти гумрук монеаи воридоти он шудаанд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply