• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 10.01.2019
  • 0

«Тоҷик Эйр» кормандонашро ба рухсатӣ фиристод,аммо бепул…

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод.

Масъулони «Тоҷик Эйр» гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст.Аммо кормандон аз он норозиянд, ки чанд моҳ боз маош нагирифтаанд. Онҳо талаб доранд, аввал ҳаққи кори моҳҳои гузашта пардохт шавад ва сипас ба рухсатии бемузд мераванд. Ширкати давлатии «Тоҷик Эйр», яке аз ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми январи имсол парвози ҳавопаймоҳояшро ба шаҳрҳои Русия ва кишварҳои дигар қатъ кард.Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати «Тоҷик Эйр» рӯзи 9-уми январ ин гуфтаҳоро тасдиқ намудааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.