Тоҷикбачаҳо 16 медал оварданд

ТОҶИКИСТОН, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Толибилмони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалӣ аз математика, ки дар шаҳри Вургаси Булғористон аз 1 то 6 июл доир гардид, бо 16 медал — 2 тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ баргаштанд. Дар Олимпиада 612 нафар толибилмон дар ҳайати 156 даста аз 30 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз беҳтарин толибилмони Литсей барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе, Литсей-интенати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», Литсейи президентӣ, Мактаби байнулмилалии президентӣ, Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе, Литсейи №1-и шаҳри Душанбе ва шунавандагони Маркази тайёрии кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе иборат буд.

Хонандагони литсейи «Ҳотам ва ПВ» 2 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ, Литсей барои кӯдакони лаёқатманд — 1 нуқра ва 4 биринҷӣ, шунавандаи Маркази тайёрии кӯдакони лаёқатманд — 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дориюш Хайриддинов — хонандаи синфи 6-ум ва Ворис Раҳмонов — хонадаи синфи 7-уми литсейи «Ҳотам ва ПВ» ба медалҳои тилло соҳиб шуданд.

Вазир Пиров — хонандаи синфи 8-ум,  Ҷамшед Рустамов  — хонандаи синфи 8-ум, Бахтовари Ҳотамӣ ва  Наимҷон Хонҷонов — хонандагони синфи 10-ум, ҳама аз литсейи «Ҳотам ва ПВ» ва Ӯроқов Ҷаҳонгир аз Литсейи кӯдакони лаёқатманд ба гирифтани медалҳои нуқра шарафёб шуданд.

Хӯҷамов Асад — хонадаи синфи 6-ум, Усмонов Тимур — хонандаи синфи 7-ум ва Исоматов Шоҳрух — хонандаи синфи 10-ум, ҳама толибилмони Литсейи «Ҳотам ва ПВ», Собиров Раҳмон ва Ҷамшед Эргашзода аз Листсей барои кӯдакони лаёқатманд медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Хонандагони Литсейи «Ҳотам ва ПВ» Хонҷонов Наимҷон ва Бахтовари Ҳотамӣ, ки ба медалҳои нуқра соҳиб шуданд, стипендиягирандагони Раиси шаҳри Душанбе мебошанд.

Бознашр аз «Asia-Plus»


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply