• Бахтовар Сафаров
  • 23.01.2019
  • 0

Тоҷикдухтар дасти зани русро шикаст

Пешхизмате дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав дасти як зани сокини пойтахтро, ки 51-сол доштааст, шикаст. Полис нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст, хабар медиҳад Раёсати корҳои дохилӣ дар Маскав.

«Ба шӯъбаи  полис як зани 51-сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард. Ҷабрдида хабар дод, ки дар яке аз қаҳвахонаҳо, дар хиёбони Мир дар рафти ҷанҷол пешхизмати қаҳвахона ба дасташ ҷароҳат расонид», — гуфта мешавад дар иттилоъ.

Қайд карда мешавад, ки дар пайи ин ҳодиса кормандони полис пешхизмати 29-солаеро боздошт кардаанд.

Бино бар иттилои расонаҳои Русия, пешхизмат шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Нисбати ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner