Тоҷикистон: Бархе аз бонкҳо аз Юнистрим даст кашиданд

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Аксарияти бонкҳои хусусӣ дар Тоҷикистон аз интиқоли пул тавассути низоми “Юнистрим” (Unistream) даст кашидаанд. Дар идораи марказии бонки “Юнистрим”, ки низоми интиқоли пул ҳам ба шумор меравад гуфтаанд, ки бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон бо ин система дигар ҳамкорӣ намекунанд.

Анна Шеглова, як масъули системаи “Юнистрим”, гуфтааст, “Нахуст “Эсхата” ва “Агроинвестбонк” аз интиқоли пул тавассути системаи мо даст кашиданд. Баъдан бонкҳои тиҷоратии дигари Тоҷикистон ҳамкорӣ бо моро қатъ карданд. Сабаби аз ҳамкорӣ даст кашидани ин бонкҳоро мо намедонем.”

Ин намояндаи бонк гуфтааст, айни замон муштариёни “Юнистрим” танҳо аз “Амонатбонк”, “Спитаменбонк” ва ташкилоти хурди қарзии “Ҳумо” метавонанд пулҳои интиқолии худро дастрас кунанд

Дар хадамоти матбуоти Бонки Миллии Тоҷикистон гуфтаанд, ки онҳо ба кори ин системаи интиқоли пул ҳеҷ монеа эҷод накардаанд ва қатъи пардохти пул “ба муносибати байни бонкҳо ва системаи интиқоли пул бастагӣ дорад”.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply