Тоҷикистон дар Самарқанд мактаб месозад

ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ТОҶИКИСТОН, Узбекистон, ФАРҲАНГ ВА АДАБ, ХАБАРИ ТОЗА

Ҳукумати Тоҷикистон созишномаеро тасдиқ кардааст, ки бар асоси он дар шаҳри Самарқанд барои 640 хонанда мактаб хоҳад сохт. Тарҳи созишномаро моҳи марти имсол раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон имзо гузоштааст.

Тибқи омори расмӣ, дар замони Шӯравии собиқ, дар Ӯзбекистон 380 мактаби тоҷикӣ амал мекард, аммо дар 25 соли охир шумори ин мактабҳо ба шиддат кам шудааст. Дар оғози соли ҷорӣ як гуруҳ аз тоҷикони Ӯзбекистон низ дар номае дар нашрияи «Овози тоҷик» аз камбуди мактабҳои тоҷикӣ дар он кишвар ва, ҳамин тавр, омӯзгорон шикоят карда буданд.

Нусхаи созишнома барои сохтмони як мактаби тоҷикӣ дар Самарқанд ба дасти расонаҳо расид. Тибқи ин санад, ки аз ҳашт банд иборат аст, тарафи Ӯзбекистон муваззаф шудааст, барои сохтмони мактаб замин ҷудо карда, амнияти коргарони тоҷикро дар ҷараёни сохтмон таъмин кунад. Инчунин, ширкати масъули сохтмони мактаб аз пардохти гумрукӣ озод хоҳад шуд. Ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, пас аз анҷоми сохтмон мактабро ба ихтиёри ҳукумати Самарқанди Ӯзбекистон месупорад. Аммо дар ин санад, ки бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ таҳия шудааст, дар бораи шеваи таълим дар мактаб чизе нагуфтаанд.

Моҳи январи имсол тоҷикони панҷ деҳа дар ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканди Ӯзбекистон бо нашри номае хостори расидагӣ ба мушкили мактабҳои тоҷикӣ ва камбуди омӯзгорон шуда буданд. Онҳо гуфтанд, ки аз эҳтимоли баста шудани мактабҳои тоҷикӣ ва аз таълим дур мондани фарзандони худ нигаронанд.

«Агар мушкили тарбияи кадрҳо барои мактабҳои тоҷикӣ баррасӣ нашавад, эҳтимоли аз байн рафтани ин мактабҳо вуҷуд дорад», — гуфтанд онҳо. Ин мактуби сокинони тоҷикзабони Ӯзбекистон дар остонаи сафари давлатии президент Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон чоп шуд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply