Тоҷикистон: Лоиҳаи Tajikistan Fashion Week (TFW) роҳандозӣ мегардад

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Бо ташаббуси оҷонсии рекламавии «Тайрон» ва ҳамдастии шарикони иттилоотӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бори аввал  дар Тоҷикистон Лоиҳаи Tajikistan Fashion Week (TFW) роҳандозӣ мегардад. Ҳадаф аз амали гардонидани ин Лоиҳаи байналмилалӣ пеш аз ҳама дастгирии тарҳрезони  тоҷик, мусоидат намудан ба  мубодилаи фарҳангии байни кишварҳои иштирокчӣ ва дар маҷмуъ муаарифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардуми он  дар арсаи ҷаҳон аст.

Дар арафаи Иди байналмиллалии Навруз гузаронидани чорабинии  бошукуҳе   дар миқёси Осиёи Марказӣ –ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон хеле рамзист.Дар ин рӯзҳо ба Тоҷикистон ва пойтахти он ш.Душанбе меҳмонони зиёд ташриф меоранд ва хурсандиовар аст, ки имсол онҳо шоҳиди ин чорабинии бонуфуз дар миқёси Осиёи Марказӣ мегарданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистони соҳибистиқлол майлу рағбат ба санъати тарҳрезии либос ва мӯд меафзояд ва сатҳи тарҳрезони тоҷик хеле баланд гардидааст. Иштирок  дар    чорабиниҳои мӯд, аз ҷумла Tajikistan Fashion Week, ба ҳунармандони тарҳрези тоҷик имконияти муаррифии шоистаи ҳунари худро ба ҷаҳониён фароҳам меорад.

   Дар саҳнаи ҳафтаи мӯд (TFW), ки рузҳои 13,14,15 март дар меҳмонхонаи   Hyatt  Regence Душанбе баргузор мегардад, коллексияи  баҳорӣ-тобистонаи худро дизайнерҳои 7 кишвар, аз ҷумла  Лидия Андре аз Узбекистон, Натаван Алиева ва Руслан Гусейнов, Фуат Ҷабраилов аз Озарбойҷон, Улугбек Салиев, Александр Джен аз Қазоқистон, Тинатин Магалашвилли ваMAGDA аз Гурҷистон, хонаҳои мӯди ELSI Italy аз Итолие,  XUAN Paris ва J_Concept аз Фаронса намоиш медиҳанд. Тоҷикистонро тарҳрезони шинохта Мавлюда Ҳамроева, Нафиса Имронова, Саидҷалол Махсумов, Шанур ва хонаи мӯди AV (Алан Воловикис) муаррифӣ хоҳанд намуд.

Дар ин чорабинӣ ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед, Меҳринигори Рустам ва Мино ҳунарнамоӣ мекунанд, ба он меҳмонони олиқадр, соҳибкорони маъруф, намояндагони ҳукумат, арбобони санъат, илм, варзишгарони номӣ,  ходимони ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон  ташриф меоранд.

Дар доираи ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон  гузаронидани ҳунармандии тарҳрезон (мастер-класс),намоишу фурӯши либосҳо, аfterparty ва дигар чорабиниҳо дар назар  аст.

Шарикони Лоиҳа:

Ширкати «RC-кола», «Оби-зулол», қаҳвахонаи TAPIOCA, меҳмонхонаи «Твинс» ва «Ватан», агентии сайёҳии «Роҳат-тур».

Шарикони асосии иттилоотии Лоиҳа:

Love-радио, ТВ «Сафина»

Шарикони дигари иттилоотӣ:

Ширкати радио вутелевизиони «Ватан», маҷаллаиIDEAS, ҳафтаномаи Рекламная газета», сомонаи www.tajikistantimes.com

Нишонӣ: ш. Душанбе, хиёбони И. Сомони 3,

Агентии рекламавии «Тайрон».

Тел: (+992) 918 62 77 55, (44) 6013595

Email: director@tayron.tj

Весна приходит с Tajikistan Fashion Week

 

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply