Тоҷикистон: Милисаҳо забони англисӣ меомӯзанд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пасманзари эълони “Соли рушди сайёҳӣ” барои шуморе аз кормандонаш омӯзиши забони англисӣ ва одоби муошират бо сайёҳонро меомӯзонад.

​Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, омӯзиши забони англисӣ дар миёни кормандони ин ниҳод оғоз шудааст. Ӯ гуфт, кормандони вазорат омӯзиши забонро аз калимаву ибораҳои оддӣ оғоз кардаанд.

«Ҳар раёсат вобаста ба ғунҷоиши толорҳояшон кормандонро дар рӯзҳои махсус ба омӯзиши забони англисӣ ҷалб кардаанд. Ин таъкиди вазир аст, ки корманди милиса бояд одоби хуб дошта бошад ва забонҳоро донад. Бисёре аз кормандон забони русиро медонанд ва донистани англисӣ ҳам кори хуб аст”, — гуфт ӯ.

Соли 2018 дар Тоҷикистон соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ унвон шудааст. Вазорату идораҳо вазифадор шудаанд, ки барои рушди сайёҳӣ саҳм гузоранд.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к “Тоҷикистон: Милисаҳо забони англисӣ меомӯзанд

Leave a Reply