• Administrator
  • 11.03.2019
  • 1

Тоҷикистон: Зангҳои дохили шабака даҳ баробар гаронтар мешаванд

Мувофиқи дастури Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар баробари интернет ва NGN, зангҳои дохили шабакаи операторони мобилӣ низ қимат мешаванд.

Дастури нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” санаи 4 март ба имзо расида, аз 27 март мавриди амал қарор мегирад.

 “Тарифҳои пайвастшавӣ дар дохили шабака (зангҳои дохили шабака)-и операторони Тоҷикистон ба истиснои ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҳаҷми на камтар аз 10 дирам барои як дақиқа (бидуни назардошти андозҳои мустақим) муқаррар карда шавад”, — гуфта мешавад дар дастур.

Тавре ба “Азия-Плюс” дар яке аз ширкатҳои мобилӣ шарҳ доданд, зангҳои дохили шабакаи онҳо даҳ баробар қимат мешаванд.

“Агар қаблан як дақиқаи гуфтугӯ дар дохили шабакаи операторони Тоҷикистон тақрибан 1 дирам (аз 0,7 дирам то 1,2 дирам) нарх дошт, акнун арзиши онҳо на камтар аз 10 дирам (0,10 сомонӣ бидуни назардошти андозҳо) ва бо инобати ААИ – 18% ва аксиз – 5% тақрибан 12,3 дирамро ташкил хоҳад дод”, — иттилоъ доданд дар ширкат.

Бино ба гуфтаи манбаъ, ҳар кадоме аз операторон ҷадвали тариф барои гуфтугӯи номаҳдуд (белимит)-ро дар дохили шабака доранд, лекин дар робита ба ин дастур ин тарифҳо низ иваз ва гарон мешаванд.

Эҳтимоли қиматшавии зангҳои байни шабакаҳо

Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо дастури худ ҳамчунин арзиши ҳадди ақал (минималӣ)-и як дақиқаи гуфтугӯро байни муштариёни операторони гуногун низ муқаррар намуд.

“Хизматгузорӣ ба алоқаи маҳаллӣ тавассути технологияҳои муосир, аз ҷумла NGN ба ҷуз дар ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ҳаҷми на камтар аз 0,20 сомонӣ (бидуни андозҳои мустақим) муқаррар карда шавад”, — омадааст дар дастур.

Арзиши ҳадди ақали як дақиқаи гуфтугӯ байни операторон бо назардошти андозҳо тақрибан 25 дирамро ташкил хоҳад дод. Қаблан ҳаҷми ҳадди ақал вуҷуд надошт.

Айни замон вобаста ба тариф ва оператор як дақиқаи гуфтугӯ аз 20 то 60 дирам нарх дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ширкатҳои мбилӣ хабар дод, дар робита ба ин дастур эҳтимол операторон нархҳои гуфтугӯ байни шабакаҳоро боло бардоранд. “Қаблан ҳаҷми ҳадди ақал барои арзиши як дақиқаи гуфтугӯ байни операторон вуҷуд надошт”, — қайд кард манбаъ.

Алоқаи NGN дастрас, вале гарон мешавад

Тибқи ин фармоиши Хадамоти зиддинҳисорӣ, ба истиснои хизматгузориҳо дар “Тоҷиктелеком”, алоқа тариқи NGN низ дар Тоҷикистон гарон мешавад.

Операторон арзиши як дақиқаи гуфтугӯ тариқи NGN-ро бояд дар ҳаҷми на камтар аз 1 сомонӣ бе андозҳо муқаррар намоянд.

Дар шарҳи ин масъала ба “Азия-Плюс” дар яке аз ширкатҳои мобилӣ хабар доданд, ки мессенҷерҳои махсуси операторони мобилии Тоҷикистон аз қабили «Чӣ гап?», «MobiГап», «Megafon life» ва «Салом» низ NGN шуморида мешаванд.

Яъне гуфтугӯҳо тавассути ин замимаҳо 10 баробар  аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло мераванд.

Интернети бад ва гарон

Тавре қаблан хабар дода будем, мувофиқи ин дастур, операторон бояд як мегабайт интернетро бо нархи на камтар аз 5 дирам фурӯшанд.

Айни замон як гигабайт интернет дар операторони мобилӣ тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дорад.

Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомониро ташкил хоҳад дод.

Ин маънои онро дорад, ки интернет беш аз ду маротиба қимат мешавад.

Бознашр аз Азия-Плюс

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • бобочон:

    шояд пешвои миллат ин карори хадамоти зиддиинхисориро бекор кунад

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner