• Administrator
  • 13.03.2019
  • 0

Толиб сари хоҳарашро бо ҷоду ҷудо карду 18 сол гирифт

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 11 март Толиб Ашӯрқулов, сокини 23-солаи ҷамоати Зарҳалоли Истаравшанро барои қатли ваҳшиёнаи хоҳари 17-солааш Орзугул ба 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Орзугул, ки дар синфи 11 мехонд, рӯзи 27 октябр дар пайи як муноқишаи оилавӣ аз хонаашон баромада рафта, баъди як моҳ – 28 ноябр баргашт. Бародари хашмгинаш Орзугулро «ту моро дар байни мардум шарманда кардӣ!» гуфта, аввал бо халта ӯро буғӣ карда кушт ва сипас сарашро зери ҷодуи коҳрезакунӣ гузошта, аз тан ҷудо кард. Аҳли оила ҷасади бесари Орзугулро бурда, партофта, чунин вонамуд мекарданд, ки ҳанӯз ҳам дар ҷустуҷӯяш ҳастанд. Танҳо баъди ду ҳафта – 11 декабр ҷасади бесар ва алакай вайроншудаи Орзугулро дар беруни деҳа аз даруни як сой ёфтанд…

Фирӯза Аҳмадзода, қозии мурофиаи ин парвандаи пурсарусадо рӯзи 12 март бахабаргузории «Азия Плюс», гуфт, ки коллегияи парвандаҳои ҷиноятии додгоҳи вилояти Суғд ҳукми Толиб Ашӯрқуловро рӯзи 11 март содир кард. Ба гуфтаи Аҳмадзода, додгоҳ ин сокини 23-солаи ҷамоати Зарҳалоли Истаравшанро бар асоси қисми дуюми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба куштори ноболиғи дар ҳолати оҷизӣ қарордошта гунаҳкор шинохт ва ба 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Ин фоҷиаи мудҳиш, ки Толиб Ашӯрқулов хоҳари 17-солаи ноболиғаш Орзугул Ашӯрқуловаро аввал буғӣ карда кушт ва сипас бо ҷодуи каҳрезакунӣ сари ӯро аз тан ҷудо кард, рӯзи 28 ноябри соли 2018 рух дода буд.

Аввалин шуда дар бораи ин куштори даҳшатовард сомонаи «Ахбор» хабар дод ва сипас гузориши муфассалеро аз ҷои ҳодиса низ нашр кард.

«Ман ҳам ҳамон рӯзи наҳс ба оғил даромадам, ки сари духтарам аз тан ҷудо ва писарам бо либосҳои пури хун ларзон-ларзон истодааст. Аз тарс дод гуфтам: Чӣ кор кардӣ? Хоҳаратро куштӣ? Писарам меларзиду ашк мерехт. Вале дидам, ки кор аз кор гузаштааст, ба хотири ягона писарам маҳбас нашуданаш виҷдонамро азоб дода, кӯшиш кардам ҷинояташро рӯйпӯш кунам. Як палаткаи коҳбардорӣ буд, гирифтему ҷасадро печонида ба қафои мошин бор кардем ва ба тарафи сой рафтем. Дидем, ки хилват аст, оҳиста ҷасадро партофта омадем. Баъди ба хона баргаштан ҷодуро ба хлор шустем, либосҳоро сӯзонида нобуд кардем. Виҷдонам азоб диҳад ҳам, муаллақ монда будам. Намедонистам, чӣ кор кунам. Ошкор кунам — ҳаёти писарам месӯзад, ошкор накунам — рӯзе девона мешавам. Вале дилам гувоҳӣ медод, ки як рӯз не, як рӯз ошкор мешавад…”

Қазияи пурсарусадои хоҳари 17-солаашро куштани Толибҷон Ашӯрқулови 23-сола дар Истаравшан моро барои дарёфти ҷузъиёти ин ҳодиса ба деҳаи Ободдараи ҷамоати Зарҳалол ба суҳбати аҳли ин оилаи дутарафи ғамзада бурд – ҳам ғами марги Орзугул ва ҳам ғами Толибҷон, ки барои қатли хоҳараш дар пушти панҷара қарор дорад…

Орзугул бо як тан либоси мактабӣ як моҳ дар куҷо буд?

Ҳамеша ҳамаи корҳои саҳроиро анҷом дода, сарҷамъ сари дастурхон менишастем. Санаи 27 октябр ҳам нонушта кардем ва мо барои токзанӣ (ангурчинӣ) ба замини кишт рафтем. Орзугул бошад соати 7:45 ба мактаб рафт. Рӯзе ки баромада рафт, дар тан либоси мактабияш буд ва ғайр аз он як рӯймолчае ҳам ҳамроҳ бо худ набурда буд.

Баъди кори саҳроӣ ба хона баргаштем ва хӯроки нисфирӯзӣ хӯрданӣ будем. Чанд бор ба соат нигоҳ кардам, ки ҳаррӯза вақти аз мактаб баргаштанаш шуду аз ӯ дарак нест. Дидам, ки соат қариб 14:00 (2-и рӯз) шуд, вале ҳамсинфони Орзугул омаданду худаш не. Охираш ба хонаи ҳамсоя, ки духтараш ҳамсинфи Орзугул буд, рафта пурсидам: Орзугул куҷо бошад? Чаро ҳар рӯз дар ин вақт ҳатто пештар аз ин меомаду имрӯз дарак не?

Ӯ ҳам гашту гуфт: -Орзугул? О, охир имрӯз духтаратон умуман мактаб нарафтааст-ку!

Инро шунидаму гӯё як сатил оби сардро аз сарам рехта бошанд, ба худ ларзидам. О духтарам сабуксор набуд, дугонабоз набуд. Куҷо мерафта бошад? Ё хонаи ягон ҳамсинфаш рафта бошад? — мепурсидам аз худ. Вале саволҳои беҷавоб биму ташфишҳои диламро зиёдтар мекард.

Ба хона омадаму ба акояш ва падараш гуфтам, ки аз афти кор чӣ нотинҷие ҳаст, ки 3 соат боз аз Орзугул дарак нест. Ба мактаб рафтем, ки роҳбарисинфаш — муаллима Қаюмова гуфт: -Духтаратон имрӯз ба дарс наомадааст. Мо ҳам дар хона аст ё бемор шудагист гуфта фикр кардем.

Баъди ана ҳамин ҷавоби муаллима мо аҳли оила ва хешу табор ба кофтукоби духтари ғурамаргам сар кардем. То дами ҷон дар танам будан ва дар пойҳоям қувват доштан ҳамроҳи писару ҳамсарам ба ҷустуҷӯ мебаромадам. Вале 2 ҳафта пас дигар неруе дар танам намонд. Аз ғаму бехобӣ ва гапу калочаҳои мардум беҳолу бемор шудам, — бо ашки равон нақл кард модари Орзугул-Ойсанам Душабоева.

Орзугул мактабро хонда донишҷӯ шуданӣ буд

Ашки чашмонашро поккунон ин модари ҷигарсӯхта ба нақлаш идома дод:- Дар бисотам буду шуд се фарзанд доштам: ду духтар ва як писар. 5 сол пеш духтари калониям Гулмираро ба шавҳар додем ва пас аз як соли он ягона писарам Толибҷонро зан додем. Мутассифона, бахташ нахандид ва баъди соҳиби як фарзанд шудан оилааш пош хӯрд. Имсол ният доштем, ки ба писаракам, ки қотили хоҳар гаштаю дар СИЗО нишастааст, зани дигар кунем. Кӣ медонад фалокати дар пешонияш навишташударо?

Орзугул дар ҳамаи кору бори хона қобил буд ва то дами вақти мактаб шудан тамоми корҳои хонаро мекард, ҳавлиҳоро об зада мерӯфт ва баъд мактаб мерафт. Акояш як телефон дода буд ва доим мусиқӣ гӯш карда мегашт, вале симкорт надошт, ки бо касе гап занад.

Одати ба рӯи модару падар гапгардонӣ надошт. Доим ба ханда мегуфт, ки модарҷон, мактабро, ки хонда хатм кардам, аввал ба донишгоҳ даромада таҳсиламро идома медиҳам, баъд дӯзандагиро омӯхта чевар мешавам. Вале ҳайҳот, ин орзуҳояшро Орзугули ман бо худ ба хок бурд…ВИДЕО +18: ГУЗОРИШИ ВИЖАИ ВКД ДАР БОРАИ ҚАТЛИ ВАҲШИЁНАИ ОРЗУГУЛ

То хонаи апаам омадан бовар надоштам ҷиянам хоҳарашро кушта бошад

-Аз рӯзе, ки ин ҳодисаи нохуш дар оилаи хоҳарбузургам рух дод, мо, аҳли авлод, навбат ба навбат дар назди ӯ менишинем, то ғамашро тақсим кунем, — гуфт тағои Орзугул Расул Душабоев.

Толибҷон табиатан ҷангара набуд ва бачаи бадҷаҳл ҳам набуд. Вале рӯзе ки хоҳараш пас аз ҷустуҷӯи зиёд бо пои худ омада аз дар медарояд, ӯ ба ғазаб омада мепурсад: То ин вақт куҷо будӣ? Ин чӣ кори кардаат буд ки моро шармандаю шармсор кардӣ?…

Орзугули раҳматӣ ба ҷои узр хостану сар хам карда ба рӯи акояш гапгардонӣ карда «ба шумо даркор набошам худамро мекушам!” гуфта роҳ сӯи оғилхона пеш мегирад. Аз қафои ӯ Толибҷон ҳам давида меравад, ки мабодо болои ҷаҳл хоҳараш худашро ягон кору ҳол накунад. Вале дар оғил ҳам хоҳараш ба ӯ гапҳои қабеҳ мезанад ва оташи ғазаби Толибҷонро дучанд баланд мекунад. Ӯ бо нияти ҷазо додани хоҳар на куштани ӯ даҳонашро баста заданӣ мешавад. Вале вақти даҳонашро бастан нафастанг шуда Орзугул аз даступойзанӣ мемонад. Толиб худро пурра гум карда мебинад ки дар пеши пояш ҷодаи алафмайдакунӣ истодааст сари ҷасадро мебурад, — нақлашро идома дод Расул.

Ба оғил дароям, сари духтарам аз тан ҷудою писарам хуншор

Вақте барои сӯҳбат ба хонаи Орзугул рафтем падараш — Баҳодур Ашӯрқулов ба маркази шаҳр рафта будааст. Омадани ӯро интизор шудем, ки бо рангу рӯи канда ва хастаҳолона аз дар даромад. Маълум шуд, ки ӯ ба писари дар боздоштбудааш хӯрок бурда будааст:

-Аз рӯзе ки ин ҳодиса шуд, намехоҳам аз дар бароям. Нигоҳи мардум, саволҳои бемавриду бамавриди онҳо, ангушти ишорат сӯи ман дароз карданҳояшон болои сӯхта намакоб аст.

Танҳо ба аёдати модари пирам мераваму халос. Ин ҳам аз маҷбурӣ. Ҳамин рӯз ҳам дар нақлиёти ҷамъятӣ нишастам ва чанд бор ба гӯшам садои «ана ҳамин одам буд” гуфтани мардум ба гӯшам расид, вале чӣ чора?

Ман ҳам ҳамон рӯзи наҳс ба оғил даромадам, ки сари духтарам аз тан ҷудо ва писарам бо либосҳои пури хун ларзон-ларзон истодааст. Аз тарс дод гуфтам: Чӣ кор кардӣ? Хоҳаратро куштӣ?

Писарам меларзиду ашк мерехт. Вале дидам, ки кор аз кор гузаштааст, ба хотири ягона писарам маҳбас нашуданаш виҷдонамро азоб дода, кӯшиш кардам ҷинояташро рӯйпӯш кунам. Як палаткаи коҳбардорӣ буд, гирифтему ҷасадро печонида ба қафои мошин бор кардем ва ба тарафи сой рафтем. Дидем, ки хилват аст, оҳиста ҷасадро партофта омадем.

Баъди ба хона баргаштан ҷодуро ба хлор шустем, либосҳоро сӯзонида нобуд кардем. Виҷдонам азоб диҳад ҳам, муаллақ монда будам. Намедонистам, чӣ кор кунам. Ошкор кунам — ҳаёти писарам месӯзад, ошкор накунам — рӯзе девона мешавам. Вале дилам гувоҳӣ медод, ки як рӯз не, як рӯз ошкор мешавад… Акнун танҳо ба адолати судӣ умедворам, ки ягона писарамро камтар ҳукм диҳанд, — афзуд Баҳодур Ашӯрқулов.

Ду шаб пеш духтарамро бо мӯйҳои бурида хоб дидам

-То ҳол боварам намеояд, ки Орзугули бо сад орзуҳои нек номниҳодаамро писарам бо дастони худаш кушта бошад. То ҳол чашмонамро пӯшида мегӯям, ки ҳоло духтараки ман зинда аст. Шояд имрӯз ҳам наомада бошад, пагоҳ бо пои худ аз дарам омада медарояд.

Модар ки ҳастам, шабу рӯз дар фикри ӯ мебошам. Ду шаб пеш аз маргаш хоб дидам, ки Орзугул бо мӯйҳои бурида хандакунон тарафи хона омада истодааст. Таъбири ин хобро бинед, ки марги як фарзанду маҳбасӣ шудани фарзанди дигарам будааст — нақлашро идома дод модари Орзугул.

Ёдовар мешавем, ки сокини деҳаи ӯзбекнишини Уяс (Парчаюз)-и Истаравшан Орзугул Ашӯрқуловаи 17-сола, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 42 санаи 27 октябр аз хонаашон баромада, бедарак ғайб зада буд.Баъди гум шудани духтар мардум овоза карданд, ки Орзугул бероҳа шуда, бо кадом марди бегонае ба шаҳри Хуҷанд рафтааст.Орзугул баъди як моҳи нопадидӣ 28 ноябр ба хона бармегардад.Бародараш- Толибҷон Ашӯрматов бо ӯ ҷанҷол мекунад, ки обрӯи моро рехтӣ…Орзугул тарафи оғил медавад, ки «худамро нобуд менунам”. Бародараш аз қафои ӯ омада аввал бӯғӣ карда мекушад ва баъд дар ғояти хашм бо ҷодуи коҳрезакунӣ сарашро аз тан ҷудо мекунад.

Сари аз тан ҷудои Орзугулро рӯзи 11 декабр, баъди ду ҳафтаи кушта шуданаш аз сойи Зарринрӯд ёфтанд ва сари ӯро то ҳол ҷустуҷӯ доранд.

Мақомот Толибҷон Ашӯрқуловро бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи хоҳарашдастгир кардаанд ва айни ҳол ӯ дар боздошт қарор дорад.

Бознашри маводи Гурдофарид аз сомонаи Ахбор

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner