Троллейбусҳои бесоҳибу волонтёрҳои бепарво

Наход, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Субҳи имрӯз, 9 август, соати 8-и пагоҳӣ ба троллейбуси рақами 1, рақами давлатияш 1094, ки аз истгоҳи маҳаллаи Боғи Айнӣ то истгоҳи Роҳи оҳан фаъолият менамояд, дар қатори дигар мусофирон ворид гаштам.

Троллейбус нав як истгоҳ ҳаракат карда буд, ки дар истгоҳи маҳаллаи Водонасос таваққуф намуд. Чун ҳамарӯза автобусу троллейбусҳои роҳи маркази шаҳр дар истгоҳи мазкур назар ба дигар истгоҳҳо бисёртар меистанду мусофир ҷамъ мекунанд, бо гумони он ки баъди чанде троллейбус ба роҳ мебарояд, мунтазири ҳаракати нақлиёт шудем. Чанд муддат гузашту троллейбус ба роҳ набаромад, аз тиреза шоҳиди он гаштем, ки чанд автобуси рақами 3, 18 ва 1 аз назди троллейбуси мо гузашта рафтанд. Ҳайрон шуда, бо мусофирони дигар ба берун баромада, аз ҷавони волонтёр сабаб пурсидем. Гуфт, ки барқ нест. Гуфтам, ки   чаро ба мусофирон аз қатъ шудани барқ хабар намедиҳед, чаро ба дигар автобусҳо савор намекунед? Волонтёр гуфт, ки ин вазифаи ман нест ва бо дасташ ба сӯйи марде ишора карда гуфт, ки рафта аз онҳо пурс. Ба назди назоратчии истгоҳи мазкур, ки ному насабашро Ҳамидов муаррифӣ намуд, рафта сабаб пурсидам. Гуфт, ки ҳозир автобус биёяд, мусофиронро савор мекунем. Вақте пурсидам, ки чаро як автобуси 3 гузашту савор накардед, чизе нагуфта хомӯш шуд. Ба ҷойи назоратчӣ ронандаи троллейбуси мазкур хеле дағалона посух дода гуфт:

-Гӯш кун, ба куҷое мефорат шикоят кун, иқа мора натарсон. Мо ҳам аз қатъшавии барқ дар симҳои троллейбус безор шудаем, касе ба додамон намерасад. Ин мушкилиро касе ба инобат намегирад, беҳуда дар инҷа асабои мора вайрон накун.

Аз чунин муомилаи дурушт чунон табъам хира гашт, ки дигар омадани автобусро ҳам интизор нашуда, самтамро дигар намудаму аз старексҳои рақами 67 истифода бурда, ба ҷои кор расидам.

Гапи ронанда аз як ҷиҳат асос дорад, чунки масъалаи қатъшавии барқ дар троллейбусҳои маркази шаҳр мушкили куҳна аст, вале чаро масъулини соҳа дар чунин ҳолатҳо ба доди мусофирон, ки аллакай аз корташон пул супоридаанд, намерасанд? Додамонро ба кӣ гӯем?


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Ахволи мардумеро, ки хамаруза аз хизматрасонии автобусу троллейбусхо истифода мебаранд, танхо худашон медонанду Худо. Дар рохи маркази шахр ба чуз хамин автобусу троллейбусхо танхо таксихои 4 ва 5 сомона хизмат мерасонанд. Тобистони хамин сол бо сабаби таъмир будани рохи маркази шахр ахволи мусофирони автобуси раками 3 хеле бад буд. Тавре холдонхо мегуянд, акнун ронандахои автобус барои кисаи худ пул кор карда наметавонанд ва на парвои мусофирон доранду на парвои хавои гарм. Баъзе ронандахо кондитсионер мемонданд, баъзеи дигараш не. Дар хавои беш аз 40 дарача гарми тасаввур кунед, автобусхо ба истгоххо дер-дер меомаданд, дар дохили автобус бошад доду фарёд ки кафои автобус гузаред, дар сари рох наистед, хулоса дахшат!!!!

Leave a Reply