• Бахтовар Сафаров
  • 27.02.2019
  • 1

Ҳуқуқи Рӯдакӣ ё суди бемурофиа

Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён

…Гиряи ин зан дар идораи ҳафтанома, ки аз кирдори ғайриинсонии додарзодаҳои худ ва ҳукми ноодилонаи суд шикоят мекард, касро ба риққат меовард. Зеро ӯ тарс аз он дошт, ки бо як ҳалномаи ба назари ӯ нодуруст,  метавонад аз хонаю дари худ маҳрум гардаду бо фарзандони ноболиғаш дар кӯча монад. Ин зан Бибироҳила Ҳакимова ном дошта, аз шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия  Рӯдакӣ ба ин ҷо омадааст.

-Ман бародаре доштам, ки якҷо бо ӯ дар мағозааш кор мекардам. Шукр, даромадам ҳам бад набуд. Баъд аз каме пул ҷамъ карданам хонаи худро фурӯхта, аз Нурулло Бафоев ном шахс хона харидам. Баъдан, дар “Агроинвестбонк” пули пасандозамро гузошта, барои духтарам аз Аҳмад Мирзоев хона харидам,  зеро саломатии духтарам   хуб набуд ва ӯ бояд бо духтарчааш он ҷо зиндагӣ мекард. Дар бораи ин хариду фурӯшҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳои расмӣ ҳаст. Аз ҷумла, забонхати фурӯшандаи хона Бафоев, ки дар идораи нотариалӣ додааст, ки маҳз ман ин хонаҳоро харидаам ва пулашро худам додаам. Дар тӯли ин солҳо на бародари раҳматиам ва на каси дигар даъвогар набуд.Аммо пас аз марги бародарам, ки бемории қалб дошт, фарзанди ӯ даъво пеш овард, ки ин хонаҳоро падари ӯ, яъне бародарам Маҳмадсабур Тағоев харидааст, ки ин туҳмати ноҳақ аст. Ман азбаски зани танҳо  будам, дар вақти гуфтушунид бо хонафурӯшон аз хизмати бародарам истифода бурда будам ва  ӯро ҳамчун марди авлод дар  хонахарии ман хизмат кард. На аз ин зиёд. Агар медонистам,ки оқибати кор чунин мешавад, аз ягон марди бегона кумак мепурсидам.

-Оё ҳамаи ҳуҷҷатҳои шумо дурустанд ва ин даъвоҳо пештар ҳам буданд?

-Ҳамаи гап дар сари он аст, ки  Маҳмадулло ва писарони дигари бародарам,ки дар чанд ҷой хонаҳои  пурдабадаба доранд,  то марги падарашон нисбати ман ягон даъво надоштанд,  аммо баъд…,-зан боз инони гиряро сар медиҳад.

-Ором шавед, суд ҳама чизро ҳал мекунад…

-Чӣ хел ҳал мекунад, ки суди ноҳия Рӯдакӣ ягон ҳуҷҷати маро ба инобат нагирифта, ҳалнома баровард,ки хонаҳо ба номи бародари раҳматиам гардонида шуда, (албатта, ҳамчун меросхӯр минбаъд ба номи Маҳмадулло мегузаранд) ӯро харидор ҳисобанд?Наход  бародари ман, ки як сол дар ҳолати кома қарор дошт, дар рӯзи марги худ бо фурӯшандаи хона шартонома  баста бошад? Ҳатто ҳуҷҷатҳои аз куҷо барои хонахарӣ пул гирифтанам ( нишондоди ҶСК “Агроинвестбонк”), ҳамчун соҳибкор номнавис нашудани бародарам, ки маъюби гурӯҳи 2 буд ва ғайраро пешниҳод намудам. Вале ин кор натиҷае надод.Ҳатто дар марҳилаҳои зарурии суд ва хондани  ҳалнома ҳузур надоштам. Зеро хатарномаи судро танҳо баъд аз чор рӯзи мурофиае,ки гӯёузор шудааст, дарёфт намудам. Ҳоло хатари дар кӯча мондани ману фарзандонам ва духтари беморам ҳамроҳи кӯдаки хурдсолаш мавҷуд аст. Дар ҳар як баромади худ Пешвои миллат  ба судяҳо мкроҷиат намуда, изҳор менамоянд,ки “судя ҳаққи хато карданро надорад” Аммо муовини суди н. Рудакӣ Қ. Муминзода на шоҳидонро пурсид ва на ман дар мурофиаҳо ширкат намудаам,на  нотариус ва прокурор , ки ман ӯро низ надидам,  аммо ӯ ҳалнома баровард,ки ин дар ягон қонун намеғунҷад. Танҳо дар асоси суратҳои ба судя нишондодаи М.Тағоев, ки гӯё ман хонаи дигар дошта бошам, тақдири ману фарзандонамро ҳал кард.  Ҳоло бо сад умед ба даргоҳи Суди олӣ дар ин замина шикоят овардаам ва умедворам,ки ин сохтор мӯйро аз хамир ҷудо мекунад…

P.S. Воқеан, оё ҳуҷҷате, ки дар ҳузури чанд нафар тартиб дода мешавад, аз сухани нафаре, ки мехоҳад бо ҳар роҳу восита саҳиб мулк гардад, беқурбтар аст? Умедворем, ки Суди олӣ дар ин маврид сухани ниҳоии худро хоҳад гуфт.  

А. АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Бону:

    Хазор лаьнати Худо бод бар ту барин чиян…. мур аз ин рузат….рухи падарат туро мезанад!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner