• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 26.12.2018
  • 0

Убайдуллоев:345 ҳазор муҳоҷир куҷо шуд?

Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси Маҷлиси Миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон гуфт, ки тақдири 345 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия «номаълум аст».

 Ӯ рӯзи 25-уми декабр дар нишасти аъзои Маҷлиси Миллӣ дар Душанбе гуфт, ин гуруҳи муҳоҷирон на ҳузури худро дар Русия қонунӣ кардаанд, на афв ва на ихроҷ шудаанд.Ба тахмини мақомоти Тоҷикистон, маҳз аз хавфи ихроҷ ё «депортатсия» шудан аз Русия ба муҳлати панҷ сол, ин муҳоҷирон пинҳонӣ ба сар мебаранд. «Шояд бисёре аз онҳо аллакай шаҳрвандии Русияро гирифтаанд», — афзуд Маҳмадсаид УбайдуллоевРаиси Маҷлиси Миллӣ, инчунин, хабар дод, ки то моҳи сентябри имсол 226 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум карда шудаанд ва «талошҳо барои афви ин нафарон аз сӯи Думаи давлатӣ идома дорад».

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner