• Бахтовар Сафаров
  • 20.12.2018
  • 1

«Ҳукумат»-и фаъол ва ғайрифаъол

То кай мардум хабарҳоро аз чойхонаву масҷид мешунаванд?

Аз раисе пурсидем:

-Дар ноҳияи шумо ҳукумати электронӣ фаъолият дорад?

-Албатта дорад! -бовиқор галстукашро ба тартиб дароварда гуфт ӯ.

Як нафас ба чеҳраи ӯ ором нигаристанамон магар боиси изтиробаш гашт, ки аз зери шишаи рӯи мизаш қоғазчаи бо қалам дар он суроға навишташударо берун оварда пурсид:

-Ҳамин аст ҳукумати электронӣ?

Дар коғаз унвони суроға (почта)-и электронӣ навишта шуда буд.

Ҳукумати электрониро ба як гӯша мегузорем. Аксари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳатто сомонаи расмии худро надоранд. Агар қисме дошта бошанд ҳам, он ғайрифаъол аст. Пас чӣ гуна сокинони ин шаҳру ноҳияҳо метавонанд робитаи мустақим бо мақомот дошта бошанд, ба саволҳои худ посух гиранд?

Замони муосирро бидуни иттилоот ва коммуникатсия тасаввур кардан душвор, чун ҳар як фаъолияти инсонӣ бевосита ба иттилоот рабт дорад. Дар фазои интернетии Тоҷикистон ба миён омадани сомонаҳои интернетии сохторҳои гуногун мушкилоти дастрасии аҳолии кишварро ба иттилоот ва ҳуҷҷатҳои лозима осон мекунад. Имрӯз мардуми деҳоти кишвар хабару навгониҳои маҳалли зистро ба тарзи мушкил ба даст меоранд, зеро иттилоот маҳдуд аст ва бархе мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дорои сомона, радио ва матбуоти фаъол нестанд. Пас дар ҷанги иттилоотие, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, чӣ гуна метавонем дастболо бошем?

Душанбе дастрас, ноҳияҳо дастнорас

Вобаста дар чӣ сатҳ дастрас будани мардумро ба иттилооти маҳаллӣ мо пайгирӣ кардем, ки натиҷа нигаронкунанда аст. Шурӯъ аз сомонаи расмии шаҳри Душанбе, ҳамаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии тамоми ҷумҳуриро тариқи шабакаи интернет ҷустуҷӯ ва пайгирӣ кардем.

Шаҳри Душанбе, ки пойтахти ҷумҳурӣ аст ва ба чор ноҳияи алоҳида Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино тақсим мешавад, сомонаи расмиаш www.dushanbe.tj мебошад. Сомона фаъол ва дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ имконпазир аст. Аммо чор ноҳияи тобеи Душанбе сомонаи расмии худро надоранд ва ин мушкилӣ мебояд аз тарафи Ҳукумати шаҳр ва ноҳияҳо ислоҳ шавад.

НТМ: мақомотҳои бемасъул

Ноҳияҳои тобеи марказ, дар гурӯҳи ноҳияҳое мебошанд, ки бевосита ба маркази ҷумҳурӣ итоат мекунанд, аз 13 шаҳру ноҳия: Варзоб, Ваҳдат, Нуробод,  Рашт, Роғун, Рӯдакӣ, Сангвор, Тоҷикобод, Турсунзода, Файзобод, Ҳисор, Лахш ва Шаҳринав иборат аст. Аз ин гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ҳамагӣ дувоздаҳ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ: шаҳри Турсунзода (http://tursunzoda.tj/), шаҳри Ҳисор (http://hisor.tj), шаҳри Ваҳдат (www.vahdat.tj), ноҳияҳои Нуробод (http://www.nurobod.tj/), Тоҷикобод (http://tojikobod.tj/), Файзобод (http://faizobod.tj/), Лахш (http://lakhsh.tj/), Шаҳринав (http://shahrinav.tj/), Сангвор (http://sangvor.tj/), Рӯдакӣ (http://nrudaki.tj), шаҳри Роғун (http://roghun.tj/)  ва Варзоб (www.varzob.tj)  дорои сомонаҳои расмии худ мебошанд. Аз ин дувоздаҳ сомонаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз шаҳрҳои Турсунзода, Роғун, Ваҳдат ва Ҳисор, ноҳияи Варзобу Рӯдакӣ қисман фаъол мебошанд, аммо сомонаҳои дигар дорои маълумот ва  хабарҳои куҳна мебошанд. Ин нишондод аз як тараф, нобаробарии “ҳукумати электронӣ” –ро дар ин 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ нишон диҳад, аз ҷониби дигар, бетаваҷҷуҳӣ ва бемасъулиятии роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатиро нисбат ба мардуми маҳал ва мушкилоти онҳоро бозгӯ мекунад.

Суғд: ноҳияҳои ношинос

Вилояти Суғд, ки яке аз вилоятҳои бузурги ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дорои 18 шаҳру ноҳия: ХуҷандИстаравшан, ИсфараГулистонБӯстон, Конибодом, Панҷакент, Исфара, Истиқлол ва  Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Шаҳристон мебошад. Зимни ҷустуҷӯ ва пайгирӣ аз сомонаи вилоятӣ www.sugd.tj маълум гардид, ки аксарияти ноҳияҳои вилоят дорои сомонаҳои расмии худ нестанд. Аз рубрикаи “шаҳру ноҳияҳо”-и сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд мо аксаран маълумотҳои нопурра ва куҳнашударо дар бораи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас кардем ва ҳатто дар бораи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маълумот қариб вуҷуд надорад. Дар қисми поёни сомона аз тарафи рост нишонаи сомонаи баъзе аз шаҳру ноҳияҳои наздик ба маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд гузошта шудааст. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ маълум гардид, ки аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят, ҳамагӣ 14 шаҳру навоҳӣ: Хуҷанд (www.khujand.tj), Бӯстон (www.buston.tj), Гулистон (www.guliston.tj), Исфара (www.isfara.tj), Конибодом (www.konibodom.tj), Истаравшан (www.mihdistaravshan.tj), Панҷакент (http://panjakent.tj), Бобоҷон Ғафуров (www.gafurov.tj), Ҷаббор Расулов (www.jabborrasulov.tj), Спитамен (www.spitamen.tj), Мастчоҳ (http://mastchoh.tj), Шаҳристон (http://www.shahriston.tj/), Айнӣ (http://www.ayni.tj/) ва  Ашт (www.mihdasht.tj) сомонаҳои расмии худро кушодаанд. Аз ин боқимонда 4 шаҳру ноҳияҳо: Истиқлол, Зафаробод, Ғончӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ умуман сомонаи расмӣ надоранд. Аз сомонаҳои вуҷуддоштаи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ танҳо 4 — тояшон, сомонаи расмии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан ва Панҷакент нисбатан фаъол аст, аммо боқимонда сомонаҳо қариб камфаъоланд ва бештар ба хабарҳои Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон ва АМИТ “Ховар” саҳифаи сомонаашонро пур кардаанд.

Хатлон: ноҳияҳои бенишон

Вилояти ҷанубии ҷумҳурӣ Хатлон  дорои 25 шаҳру ноҳия: Бохтар, Кӯлоб, Леваканд, Норак ва Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Вахш, Хуросон, Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муъминобод, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Кӯшониён, Шамсиддини Шоҳин, Ёвон ва  Шаҳритус мебошад. Аз ҷустуҷӯ ва азназаргузаронии сомонаи расмии вилояти Хатлон (www.khatlon.tj)  маълум шуд, ки сомона нав коркард ва таҷдид шудааст. Аз ин сабаб ҳоло маълумотҳо пурра ворид нагардидаанд ва рубрикаи “шаҳру ноҳияҳо” ҳануз холӣ боқӣ мондааст. Аммо баъдан пас аз ҷустуҷӯи як дар яки мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълум гардид, ки аз 25 шаҳру навоҳӣ, танҳо 24 — тояш: шаҳрҳои Бохтар (http://bokhtar.tj), Кӯлоб (http://kulob.tj/tj), Леваканд (http://www.sarband.tj) ва ноҳияҳои Кӯшониён (http://kushoniyon.tj), Хуросон (http://khuroson.tj), Фархор (http://farkhor.tj), Муъминобод (http://www.muminobod.tj), Ховалинг (http://www.khovaling.tj), Қубодиён (http://www.qubodiyon.tj), Вахш (http://vakhsh.tj), Ёвон (http://yovon.tj), Шамсиддин Шоҳин (http://www.shamsiddinshohin.tj/), Панҷ (http://www.panj.tj/), Носири Хусрав (http://nosirikhusrav.tj/), Темурмалик (http://temurmalik.tj/), Восеъ (http://www.vose.tj/), Ҷайҳун (http://www.jaihun.tj/), Ҷалолиддини Балхӣ (http://www.balkhi.tj/), Данғара (http://dangara.tj/), Балҷувон (http://www.baljuvon.tj/), Абдураҳмони Ҷомӣ (http://jomi.tj/), Шаҳритус (http://www.shahrituz.tj), Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (http://hamadoni.tj/) ва Дӯстӣ (http://ndusti.tj ) дар шабакаи интернет сомонаҳои худро кушодаанд. Шаҳри Норак сомонаи расмии худро надорад ва агар медошт, мо аз ҷустуҷӯҳои пайдарпайи  интернетӣ пайдо мекардем. Аз сомонаҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб қисман фаъоланд, боқимонда дигар ҳамаи сомонаҳои ноҳияҳо маълумоти нопурра ва хабарҳои солҳои қаблиро дар сомонаашон маҳфуз гузоштаанд.

ВМКБ: вилояти дастнорас

Нигаронкунандагии санҷиши дастнорас будани иттилооти маҳаллиро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он зиёдтар кард. Зеро мо ҳарчанд, ки кӯшиши дарёфти сомонаи расмии ВМКБ-ро аз интернет мекардем, аммо бемуваффақ анҷом меёфт. Дар баробари ин, 7 шаҳру ноҳияи вилоят: шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим,  Роштқалъа, Мурғоб танҳо ноҳияҳои Дарвоз (www.darvoz.tj), Ванҷ (http://vanj.tj/), Рӯшон (http://rushon.tj/) ва Роштқалъа http://www.roshtkala.tj) дорои сомонаҳои расмӣ аст, аммо боқӣ дигар мақомотҳои иҷроияи ҳокимиятии давлатии вилоят сомонаи худро надоштанд. Ҳарчанд ки кӯшиши ҷустуҷӯи сомонаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ-ро мекардем, аммо натиҷа ба сифр анҷом меёфт ва мо танҳо дар бораи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз сомонаи Википедия маълумот ба даст оварда тавонистему халос. Аз ин санҷиш бармеояд, ки аз ин ба баъд раиси тозаинтихоби ВМКБ, Ёдгор Файзов ба масъалаи дастрасии роҳбарият ва иттилооти маҳаллӣ барои аҳолии вилоят бо нигоҳи дигар ва  тадбирҳои ҷиддӣ нигарад. ВМКБ, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун минтақаи кӯҳӣ-сайёҳӣ эътироф шудааст,  бояд дорои сомонаи расмӣ ва тарғиботӣ бошад.

Аз санҷиш ва пайгирии сомонаҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон маълум гардид, ки кам андар камашон дорои сомонаи расмӣ мебошанд ва барои ҷумҳурӣ ин натиҷаи хеле нигаронкунанда аст. Пас, чаро имрӯз роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ба ин мушкилии дастнорас будани худ  ва иттилооташонро барои мардуми маҳаллӣ нодида мегиранд? Дар  охир баъд аз ин пайи ислоҳи камбудӣ ва мушкилоти ҷойдоштаашон мешаванд ё на? Ин танҳо натиҷагирие буд, аз санҷиши сомонаҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ҷумҳурӣ, вале сомонаҳои вазорату идора ва кумитаву хадамотҳои Тоҷикистон дар чӣ ҳол қарор доранд, дар шумораҳои оянда хоҳем навишт.

Нуралӣ КАРИМ

Бахтовар САФАРОВ,

рӯзноманигор

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Рудаки:

    Рости чандес, мехостам атрофи ана ҳамин мавзуъ ҳарф бизанам, лекин фурсат имкон намедод, ки ба баррасӣ ва таҳлилӣ ин мавзуъ машғул бишавам. Дарвоқеъ хеле таҳлили хуб лекин бо забони ширин. О ҳамаи ҳамин шаҳру ноҳияҳо шуъбаву раёсати маориф доранд онҷо намешавад, ки ду се мутахассисро ба ин кор ҷалб намоянду маошашон диҳанд. Инҷо сомони Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ПАНЧАКЕНТРО мебини бузро хандаашро мегиряду сагро аккосаш баланд мешавад. О ҳайкали Лоиқро як сол пеш иваз карда буданд, дар шахру дехот чи кадар ободи шудааст. Паъат мемри гу ду се сурати навро аз назди тирезаи Хукумати шаҳр берун набаромада гирифта гузори.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner