Умеди  18 зани собиқ маҳбусӣ дар коргоҳи “Умедбахш”

ДИН ВА ҶОМЕА, СУҒД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Атмия Азимова,  собиқ маҳбусзане, ки  баъди як соли талош тавонист   коргоҳи дӯзандагии “Умедбахш”-ро ташкил кунад ва барои ҳамтақдирони худ шароити корӣ фароҳам орад.  Ҳоло Атмия ба  18 (ҳаждаҳ) зани  аз маҳбас озодшуда ва ё занҳое, ки шавҳарҳояшон ба муддатҳои тӯлонӣ  аз озодӣ маҳрум гаштаанд  ҷойи кор додааст : -«Чуноне, ки мегӯянд аз хас метавон қаср бунёд кард. Ин коргоҳи мо агарчӣ назарногир аст, ба умед номашро “Умедбахш” гузоштем  то умедамон амалӣ шуда  ба коргоҳи калон табдил диҳем.   Барои ҳар нафари аз маҳбасозодшуда дарёфти ҷои корӣ ва мавқеи пешин басо мушкил аст.  Шахсан барои ман маҳбас  мактаби бузурги зиндагӣ шуд, зеро дар он ҷо ман пеш аз ҳама сабр  ва тавба карданро омӯхтам.  Соли 2003 вақте ба муддати 8 сол ҳукм доданд ва ба муассисаи ислоҳии занонаи Норак бурданд,  умедамро аз зиндагӣ пурра канда будам. Чунки тамоми умедвориям ва орзуям дар сари фарзандонам будан буд, аммо муддати ҳукми судиро шунидан ба худ гуфтам, ки то ба озодӣ мебароям, ки меҳри фарзандонам пурра бардошта мешавад ва шояд маро модар қабул ҳам накунанд. Маҳбасӣ шудани маро ду моҳ нагузашта шунидам, ки шавҳарам   аз баҳри се писараш гузашта зани дигар гирифтааст, ки ин хабар “Болои сӯхта намакоб шуд”…

Идомаи матлабро  дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутола намоед. 

                                                                                                                                                                  Фарзона Муродӣ  


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply