“Қурбонии “ навбатии ошуби зиндони Хуҷанд

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Маъмур Аъзамов — прокурори калони прокуратураи вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ аз мақомаш барканор ва аз сафи кормандони прокуратура ронда шудааст.

Ин тасмим дар мавриди Маъмур Аъзамов дар пайи ошӯби шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ба далели «нобоварӣ” ва «иҷрои номатлуби вазифаи хидматӣ” гирифта шудааст. Аъзамов ҳамчун прокурор масъули риояи қонуният дар ин маҳбас низ буд. Маъмур Аъзамов моҳи июни соли ҷорӣ бо 10 ҳазор доллар пора дастгир шуда буд, вале он дафъа тавонист худро аз ҷавобгарӣ халос кунад.  Дар ҷараёни тафтиши парвандаи ошӯби пурқурбонии шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд, Маъмур Аъзамов – прокурори калони додситонии вилояти Суғд оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ аз мақомаш барканор ва аз сафи прокуратура ронда шудааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Одна комментария к ““Қурбонии “ навбатии ошуби зиндони Хуҷанд

  • Раъно Зоирдухт Хори тани чомеагон,магар ба бовари ва ояндаи рузгори халк ин гуна муносибат кард? Боз барои шумо чи намерасад,ки…Муктадиред ба хар коре даст занед,чаро,ки халкро тарсонида мондаед.Хамаги бо 6,5млн ахоли сохибдавлат шудем.Охир бо 6,5 МЛН!!!..ЭЭЭ ин хамаги ба як дехаи давлатхои пешрафтаи чахон баробар буда мо ДАВЛАТ сохтем.Чахон моро шинохт,Лекин шумо чи корхое мекунед,ки шарм ба боварии шуморо сари вазифа монда хатто ёдатон намеояд!!!..Давлату миллату ифтихори шумо зумра одамон киссаатон, нафсатон,,дугатон, тарсонидани мардуми чафокаш асту дигар хеч!!! Шумо ин чо ин касифихо мекунед,аммо номи дигаринро догдор мекунед…Магар то бунёди ин давлати сару руяш дар дарозои таърих хуншор шуда кори сахл буд??? Ин шумо дар курсии нарм нишаста адои вазифа мекардед..Аммо як нафас эхсос кунед,чи гуна тифлаки бемадор гирёну танхову сарсон рох рафта рох рафта кучаи рушан баромад,худашро ба даст гирфит,коматашро рост кард,ва камол меёбад,ки ин тифли Истиклол ва хизматхои чонисории ПЕШВО асту бояд ба ин расиданхо лоакал хиёнат накард ба боварии РОХБАРОНИ ДАВЛАТУ ХУКУМАТ!Боки дар амони Яктои пок бимонед точикони чафокаш! Пешво бовар ба шумо доранд ва имкони бунёди давлати пешрафта аз сарчамъи, покназари, калби тоза, нафси нек манша мегирад.Ба пеш Точикистон ва мардуми бо нангу бо ифтихори ТОЧИК!!!

Leave a Reply