• Mardon
  • 08.05.2019
  • 8

Устои тоҷик аз чӯб… танк сохт

Маҳмадшариф Ҷалилов, устои тоҷикистонӣ дар шаҳри Тулаи Русия аз чӯб  дар ҳаҷми воқеъияш танки Т-34-ро сохтааст.

Бино ба гузориши нашрияи “Тульские новости”, танки чӯбӣ дар муддати се сол аз рӯи сурати танк бунёд шудааст. Усто гуфтааст, ки барои сохтани чархҳо ва занҷири танк вақти зиёд сарф шудааст.

Маҳмадшариф Ҷалилов барои бунёди танки чӯбӣ 500 ҳазор рубл ва як тонна ширеш масраф кардааст.

Барои ҳаракат кардани танки чӯбӣ усто ба он чархҳои оҳанӣ насб кардааст.

Маҳмадшариф Ҷалилов мақсад  дорад, танки чӯбиро ҳамчун рамзи дӯстии Русия ва Тоҷикистон ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури ин кишвар тӯҳфа кунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner