Ваҳдат: Кормандони милитсия духтарро аз марг наҷот доданд

ДИН ВА ҶОМЕА, НТМ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Субҳи 30 май як духтари ноболиғи зоҳиран 12-14-сола худро бо мақсади худкушӣ аз пули болои дарёи Кофарнишон дар шоҳроҳи Душанбе -Ваҳдат ба дарё партофт. Кормандони милитсияи Ваҳдат прапоршики калон Ғолибшо Саидов ва сержанти калон Маҳмадӣ Мӯсоев худро ба дарёи пуртуғён зада, духтаракро аз чанголи марги ногузир наҷот додаанд.

Мутаассифона, тайи солҳои охир, бо сабабҳои гуногун аз қабили вазъи бади иқтисодӣ, ҳолатҳои гуногуни равонӣ, нагирифтани тарбияи дуруст дар оилаву мактаб ва ҷанҷолу нофаҳмиҳои оилавӣ, амали худкушӣ дар ҷумҳурии мо содир карда мешавад.

Чунончӣ, санаи 30-юми майи соли ҷорӣ, тахминан соати 8:30 дақиқа, духтарчаи тахминан 12-14-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, бо мақсади худкушӣ худро аз пули болои дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат ба дарё мепартояд.
Ин ҳодисаро корманди Шуъбаи хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, прапоршики калони милитсия Саидов Ғолибшо ва сержанти калони милитсия Мӯсоев Маҳмадӣ дида, ба хотири наҷот додани ноболиғ ба дарёи пуртуғён даромада, ӯро аз дарё берун мебароранд.

Новобаста ба он, ки боришоти ҳафтаи охир ҳаҷм ва маҷрои оби дарёи Кофарниҳонро дучанд баланд карда, аз он наҷот ёфтан амри маҳол буд, кормандони милитсия бо нишон додани ҳушёрӣ, ҷасорат ва мардонагиву нотарсӣ ба дарёи пуртуғён даромада, қарзи инсонии худро иҷро намуданд.
Сипас, духтарчаи ноболиғро, ки дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт, таъҷилан ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат дастрас намуданд. Табибон низ аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода ноболиғро ба ҳуш оварда, ба табобаташ оғоз намуданд.
Аз ҷониби роҳбарияти ШХД «Муҳофиза»-и ШВКД дар шаҳри Ваҳдат, барои анҷом додани чунин амали пурҷасорат, прапоршики калони милитсия Саидов Ғолибшо ва сержанти калони милитсия Мӯсоев Маҳмадӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Сардори ШХДМ ШВКД дар ш.Ваҳдат
полковники милитсия
Мансурзода А.М.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply