• Бахтовар Сафаров
  • 20.02.2019
  • 0

Ваъдаҳо ба Президент: корхонаи “Нуриҳои Осиё” ба он вафо накард

Калонтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар вилояти Хатлон мувофиқи ваъда бояд  1-уми феврали соли 2018 ба истифода дода мешуд ва наздики 1000 нафар бо ҷойи кор таъмин мешуданд. Аммо бо гузашти як сол фаъолияти ин корхона аз ҷониби сармоягузори чинӣ ба таъхир меафтад. Чаро?

Ширкати ваъдахилоф

Мутобиқ ба Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Левакант дар собиқ ҶСК «Азот» (аз 3 сентябри соли 2016), ширкати хитоӣ уҳдадор шуда буд, ки марҳилаи якуми лоиҳаи мазкурро дар муҳлати якуним сол татбиқ намояд. Мувофиқи ин шартонома,роҳбари  ширкати мазкур дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон  ваъда карда буд,ки корхона аз 1-уми феврали соли 2018 бояд ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ кунад. Аммо сарфи назар аз ҷадвали рафти корҳои сохтмоние, ки аз ҷониби ширкат тасдиқ шуда буд, он  дар вақти муайяншуда ба фаъолият оғоз накард.

Соле, ки сипарӣ гардид,баробари пешравиҳои зиёд дар соҳаи кишоварзии мамлакат камбудиҳо низ ҷой дошт. Мушкилоти барзгарон табиӣ ва сунъӣ буд.  Ин сол  хушк омада, хурӯҷи малахи марокашӣ ва афзоиши  ҳар гуна ҳашароти зараррасон ба зироат зарар расонд. Мушкилоти сунъӣ ба маротиб гарон шудани нархи нуриҳои менералӣ ва тухмиҳо дониста мешавад.

Абдусаттор Абдураҳмонов, яке аз деҳқонони собиқадор зимни суҳбат гуфт, ки соли сипаришуда арзиши як халта нурии  маъданӣ дар муқоиса ба солҳои қаблӣ аз 40 то 60 сомонӣ гарон шуд. Инчунин, заҳрхимикатҳое, ки барои нобуд кардани ҳар гуна ҳашарот аз мағозаҳои бойторӣ харидорӣ  кардааст, сифатан ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҳангоми истифодааш натиҷаи дилхоҳ ба даст наовард. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки ҳашарот аввалан пахта, баъдан  ҷуворӣ ва ҳатто ба бедаи он зарар расонд ва дар натиҷа натавонист қисме аз ҳосили дилхоҳи солҳои қаблиро ба даст оварад.

Сун Вей итминон дод, аммо…

Аз ҳарфи коршиносон метавон хулоса кард, ки яке аз сабабҳои асосии гарон шудани нархи нуриҳои маъданӣ давоми соли 2018, чандин сол ин ҷониб фаъолият накардани собиқ корхонаи номдори “Азот” (ҳозира “Нуриҳои Осиё”) буда, нуриҳои маъданӣ аз хориҷа ворид мешавад ва дар мавсими кишту ғизодиҳӣ нархи миёншикан доранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳангоми як сафари корӣ, ки 27-уми марти соли  2018 сурат гирифт, зимни вохӯриаш бо намояндагони ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» ва ҶСК «Нуриҳои Осиё» аз кашолкориҳо дар рафти корҳои таҷдид изҳори нигаронӣ карда буд. Дар он мулоқот директори ширкати «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» Сун Вей вобаста ба ҳолати қафомонии рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мазкур гуфта буд, ки яке аз сабабҳои он тағйир ёфтани талаботи экологӣ барои истеҳсоли таҷҳизот дар Хитой ба ҳисоб меравад.

Сун Вей, ҳамзамон итминон дода буд, ки то моҳи августи соли 2018 корхона ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъменамояд.Ин ваъда шояд дар дили садҳо деҳқон умеди тозае ба фардо пайдо кард. Аммо, афсӯс моҳи августи соли 2018 ҳам гузашту аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи тозаноми “Нуриҳои Осиё” муждагонӣ нашуд.

Табиист, ки ин омил ба татбиқи нақшаҳо дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва бахусус яке аз вилоятҳои азими аграрии он Хатлон, таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре ки маълумот пайдо кардем, дар корхонаи «Нуриҳои Осиё” ба санаи 1.09.2018 зиёда аз 350 нафар кор мекунанд, ки аз ин 106 нафар шаҳрвандони Чин ва зиёда аз 245 нафари онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Тақрибан зиёда аз 50-60%-и корҳои сохтмонӣ дар сехҳои коркарди синтези газ, анбори нигоҳдорӣ ва коркарди ангишт, дегхона ва дигар қисматҳои корхона ба анҷом расонида шудаанд.

Лоиҳаи сармоягузорӣ дар навбати аввал бунёди корхонаҳои истеҳсоли аммиак бо иқтидори 120 ҳазор тонна ва карбамид ба иқтидори 200 ҳазор тонна дар як солро дар назар дошта, дар марҳилаи дуюм васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аммиак то 300 ҳазор тонна ва карбамид то 500 ҳазор тонна дар як сол пешбинӣ шудааст. Вале ин танҳо ҳоло дар нақша ҳасту дар амал нест.

Аз таҳқиқу ҷустуҷӯҳои зиёди сарчашмаҳои иттилоотӣ чунин маълумот ба даст расид, ки Ван Кунфун, ёвари директори генералии ҶСК «Нуриҳои Осиё”зимни як суҳбат ба намояндагони ВАО гуфта будааст: «Танҳо ҳаминро метавонам бигӯям, ки мо наметавонем марҳилаи якуми таҷдиди корхона, яъне истеҳсоли маҳсулотро дар моҳи августи соли 2018 ба анҷом расонем. Санаи муайянеро ҳам наметавонам дар ин сол зикр кунам. Ин аз воридоти таҷҳизоти лозимӣ аз Хитой низ вобастагӣ дорад. Муҳлати навро роҳбарияти ширкат дар мувофиқа бо мақомоти давлатии Тоҷикистон таъин мекунанд”.Наметавонед, пас ба ӯҳда нагиред ва умеди деҳқононро ба нуриҳои арзон барбод надиҳед. Бигзор нафаре ва  ё сармуягузори дигаре ин умедҳои барбодрафтаи кишоварзонро амалӣ созад.

Ҷомӣ ХАЛИФАЕВ,

вилояти Хатлон

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner