Вахш: Дӯ кудак зери ҷӯйбори бетонӣ ҷон бохтанд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ХАТЛОН

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ду наврас зери ҷуйҳои бетонӣ ё «лоток» монда ва ҷон бохтанд. Мақомот рӯзи 7-уми май гуфтанд, ки ҳодиса шаби гузашта рух додааст ва ин ду наврас сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати «20-солагии Истиқлол» буданд.

Ба гуфтаи мақомот, Рустам Давлатови 12-сола ва Маҳмадалӣ Саидбекови 15-сола сокинони деҳаи Бӯстон ҳини нигоҳубини чорво аз борону боди сахт паноҳгоҳ ҷуста, зери ҷӯйҳои бетонӣ пинҳон шуданд.

Дар ин ҳодиса як кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар шифохона қарор доштааст. Табибон гуфтанд, ки вазъи кӯдак вазнин аст.

Сел дар ин деҳа ҳамчунин ба чандин хона ва моликияти мардум осеб расондааст.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply