• Усмон НИЁЗОВ
  • 05.01.2017
  • 0

Вазир аз садамаҳо нигарон аст

Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода  аз садамаҳо дар низомии энергетикии кишвар изҳори нигаронӣ намуд.

«Барои сари вақт бартараф кардан ва андешидани тадбирҳои зарурӣ вазир ба раҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» ва дигар сохторҳои дар ин самт фаъолиятдошта дастуру супоришҳо дод», — хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки аз оғози мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон дар шабакаҳои барқи ҷумҳурӣ нуқсони кор ва садамаҳо зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки таъмини истеъмолгарон бо неруи барқро мушкил месозанд.

 

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner