Вазири мудофиа бунгоҳи тиббӣ сохт

Тандурустӣ, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

(Бознашр аз сомонаи расмии вазорати мудофиаи Тоҷикистон)

Дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар гардонидани зиндагонии аҳолии деҳот сохтумон ва ба истифода додани иншоотҳои иҷтимоӣ бо маром идома дорад. Ба ин мақсад дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари-Хосор бинои нави Маркази саломатӣ бунёд гардид.

Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарон ва шаҳрвандони кишвар бо иқдомҳои созандаи ободкории худ саҳми босазои хешро мегузоранд. Ин аст, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Парчами миллии ҶТ аз ҷонибивазири мудофиаи кишвар генерал-полковник Ш.Мирзо дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Балҷувон деҳаи Дошмандии ҷамоати Сари-Хосор бинои нави Маркази саломатӣ бунёд гардид.

Қобили зикр аст, ки тарҳи лоиҳаи бинои мазкур ё худ Маркази саломатӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сифр бунёд гардида, он фарогири 6 ҳуҷра, инҳам бошад, ҳуҷраҳои қабулгоҳ, ҳуҷраи ташхис, доругузаронӣ, таваллудхона ва нигоҳубини кӯдак, хатнакунӣ ва дорои дигар шароитҳои зарурӣ ё худ муҷаҳҳаз бо лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ мебошад, ки мувофиқ ба талаботи мӯосир бунёд гардидааст.

Ҳудуди бинои Маркази саломатӣ низ бо дарахтони сояафкану ороишӣ мувофиқба тарҳи муосир гардонида шуда, барои дар оянда ба мавзеи бунёди гулгашти навмуносиб мебошад.Инчунин, барои сари вақт расонидани беморон ба ин Марказӣ саломатӣ аз ҷониби саҳмгузори бунёди ин Маркази саломатӣ Шералӣ Мирзо автомашинаи ёрии таъҷилӣ, ки муҷаҳҳаз бо ҳама ашёву лавозимоти тиббии сатҳи муосир мебошад, ба кормандони ин Марказ тақдим карда шуд.Минбаъд дар ин Марказӣ саломатӣ, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи мазкур бунёд гардидааст, барои мутахассисони сохаи тандурустӣ ҷойхои кории нав муҳаё гардидонида мешавад.Дар рӯзи ба истифода додани бинои мазкур масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон,саҳмгузори бунёди ин Маркази саломатӣ Шералӣ Мирзо иштирок ва суханронӣ намуданд.Аз ҷумла қайд карда шуд, ки бинои нави Марказӣ саломатӣ ва автомашинаи ёрии таъҷилӣ тӯҳфаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами милии кишвар ба аҳолии ин деҳа маҳсуб ёфта, муҳайё гардидани ҳама шароитҳои муносиб барои некуаҳолии сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар, маҳз самараи даврони Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон ҷиҳати бозҳам ба талаботи замони мӯосир гардонидани ҳама шароити зарури дар ин деҳаи дурдасти ноҳияи Балҷувон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда мешавад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply