ВКД: Баргаштаҳо афв шуданд, шумо ҳам баргардед!

ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА, ҲУҚУҚ

Дар вокуниш ба навори нашршуда дар бораи ба Тоҷикистон даъват шудани як узви созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” аз ҷониби мақомоти Вазорати умури дохилӣ, ин ниҳод мегӯяд, воқеан чунин сӯҳбатҳо бо “аъзои пушаймоншудаи ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои мамнӯъ” барпо мешавад.

Рӯзи 7-уми июн вебсайти “Гурӯҳи 24” навори видеоиеро нашр кард, ки дар он ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ аз як узви ин созмон хоҳиши бозгашт ба ватанро мекунанд. Дар навор аз ҷумла сӯҳбати Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ бо як ҷавони тоҷик сабт шудааст, ки худро узви созмони мамнӯъ муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, мехоҳад замонати шароити бозгашти амнаш ба Тоҷикистонро бигирад.Ин сӯҳбат бо миёнаравии Файзуллоҷон Сафаров сурат гирифтааст, ки як фаъоли собиқи “Гурӯҳи 24” буда, ҳоло худро ҳамчун шахсе муаррифӣ мекунад, ки “ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргашта, озодона зиндагӣ мекунад”.Дар як тамоси видеоии телефонии Сафаров кормандони ВКД, аз ҷумла, Сафаралӣ Қамариддинов ва Шоҳрух Саидзода ба як узви дигари “Гурӯҳи 24”, ки исмаш бурда нашудааст, ваъда медиҳанд, дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ва эътирофи гуноҳ, озод мешавад.Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси собиқи Хадамоти гумрук соли гузашта ба ин мансаб таъйин шуд. Ӯ дар ин навор гуфтааст, назди онҳо вазифа гузоштаанд, то аъзои гурӯҳҳои мамнӯъро ба ватан баргардонанд. Вай мегӯяд, то ҳол “16-17 нафар ҳамингуна пушаймон шуда баргаштаҳо” мавриди афв қарор гирифтанд ва аъзои дигари ин созмон ҳам метавонанд аз онҳо пайравӣ кунанд.Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст,ки  аксаран аъзои пушаймоншудаи созмонҳо худашон мустақим ва ё тариқи пайвандонашон бо кормандони вазорат тамос мегиранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои баргардонидани “аъзои роҳгумзадаи созмонҳо ба ватан талош мекунад”.Ӯ тасдиқи тамоси кормандони ин вазорат бо аъзои пушаймоншудаи гурӯҳҳои мамнӯъ ба хотири бозгашт ба ватанро тасдиқ кард, вале гуфт, наворе, ки “Гурӯҳи 24” нашр кардааст, зоҳиран таҳриф шудааст.“Ин наворро барои ҳадафҳои худашон таҳриф ва сӯистифода кардаанд. Лекин баргардонидани шаҳрвандон аз роҳи хато ва гумроҳӣ ин вазифаи аслии кормандони вазорат аст. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки аз роҳи хато баргарданд ва бар асоси қонун афв мешаванд. На танҳо аъзои “Гурӯҳи 24”, ҳатто даҳҳо аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки пушаймоншуда ба ватан баргаштанд, афв шуданд,” — гуфт ӯ.Намояндаи  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,ки  ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бозгашти афроди пушаймоншуда ба ватанро идома медиҳанд.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply