Воҷиботи ҳифзи амнияти миллӣ

Слайдер, ТОҶИКИСТОН, ҲУҚУҚ

Чолишҳои байналхалқӣ, бархурди манфиъатҳои ҷаҳонӣ, тақвиятёбӣ ва афзоиши амалҳои террористӣ дар замони муосир омили осебпазирии кишварҳои алоҳида, халалпазирии амнияти минтақа ва тавсеаёбии ташкилотҳои террористӣ гаштааст.

 Дар ин замина муқовимат ва муборизаи дурусти илмӣ, динӣ, мантиқӣ ва оқилона алайҳи ҳамагуна падидаҳои манфӣ ва хатаронок, ки ба амнияти давлатдории миллӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистон таъсир мерасонд, вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Густариш ва тавсеаёбии афкор ва ҷаҳонбинии террористӣ натанҳо боиси нигаронии донишмандон, мутахассисон, сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, балки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои соҳибистиқлол гаштааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 12 майи соли ҷорӣ  (2018) ҳангоми вохурӣ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар кохи “Ваҳдат” оид ба масоили муҳими амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимойӣ, динӣ ва ҷамбаҳои хатароноки ифротгароӣ, таблиғи кинаву адовати динию мазҳабӣ, терроризми майналхалқӣ ва бегонапарастӣ суханронӣ намуд. Роҳҳои таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва муқовимат алайҳи терроризми байналхалқиро ба таври возеҳ баён кард.

Ҷавҳари суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама иборат аз масоили таъмини амнияти давлатдории миллӣ, муборизаи беамон бар зиддии душманони Тоҷикистон, бедории миллӣ, зиракии сиёсӣ, авомили худшиносӣ ва худогоҳии буда, моро водор месозад,ки саҳми худро дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва пешрафту ободии Тоҷикистон бигзорем.

Аз ин лиҳоз ба хотири истиқбол ва дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон фикру андешаи хешро баён хоҳам кард. Дарк, шинохт ва ҳазм намудани масоили фавқуззикр омили саъодатмандии ҷомеаи тоҷик ва сабаби пешрафту тараққиёти кишвар дар риштаҳои мухталифи илмӣ хоҳад гашт.

Ба фикри ин ҷониб сарчашмаи ҳамаи саъодатмандии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хушбахтии аҳолӣ ҳифзи Истиқлолияти миллӣ, сулҳу оромиш, фанноварӣ ва амнияти комил ба ҳисоб меравад.

Аносири бадбахтии ҷомеа пеш аз ҳама дар бегонапарстӣ, киназоӣ, ифротгароӣ, ришваситонӣ, дуруғ, тафриқа, низоъ, дассиса, тақлиди кур-курона, ватанфурушӣ, бемазҳабию мазҳабфурушӣ ва ихтилофи қавмию нажодӣ нуҳуфтааст.

Душманони башарият ва аҳриманҳои кинатуз  бо истифода аз техноложии навтарин ва тамоми методология, принсип ва хостаҳои таҳдидофарини замони муосир кӯшиш доранд, ки минтақаи Осиёи Миёнаро ба майдони хунрезиҳои навбатии худ табдил диҳанд. Дар ин ҷода ташкилотҳои террористӣ, қудратҳои манфиатдор ва ҳизбу ҳаракатҳои моҳияти экстремистӣ дошта, аз бовариҳои имонӣ, манобеъи динӣ, бехабарӣ ва ноогоҳии мардуми мусалмон аз роҳу равиши Паёмбари Худо (с) истифода намуда, фарзандони боимон ва исломдустро барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худ чун силоҳу муҳимоти ҷангӣ истифода мебаранд.

Дар ин маврид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  ҳушдор медиҳад: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Мову шумо тавассути расонаҳои хабарӣ қариб ҳар рӯз мебинем, ки чӣ гуна ҳазорҳо нафар мардуми мусулмон бинобар ноамнии диёрашон хонаву ватани худро тарк карда, дар орзуи як гӯшаи ором ҷони худро дар роҳҳо, сарҳади давлатҳои дигар ва баҳрҳо аз даст медиҳанд. Дидани чунин манзараҳои мудҳиш, хусусан, барои мо бисёр дардовар аст. Чунки замоне кишвари моро низ чун нуқтаи ҷангзада ба маърази тамошои аҳли ҷаҳон мегузоштанд”.

Пешвои миллат дар оғози суханронии худ оид ба нақши созандаи дини мубини ислом ишорат намуда, аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон мужда медиҳад: “Имрӯзҳо  мусулмонони олам, аз ҷумла сокинони кишвари мо дар арафаи фаророрасии моҳи шарифи Рамазон қарор доранд, ки ҳамчун айёми раҳмату мағфират, бахшиши гуноҳҳо, поксозии қалбҳо ва иҷрои амалҳои хайру савоб рӯзи 17-уми май фаро мерасад..

Бояд гуфт, ки ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангу тамаддунҳои башарият ҳанӯз аз аҳди бостон то ба замони нав дар роҳи ташаккули ҷаҳони маънавии афроди ҷомеа хизмат кардаанд ва ҳадафи аслии ҳамаи онҳо тарбияи инсони комил ва солеҳ будааст”.

Аз матни гуфтаҳои фавқ бармеояд, ки тамоми адёни ҷаҳонӣ дар роҳи саъодатмандӣ ва хушбахтии ҷомеаи башари хидмат мекунанд. Адён дар зоти худ мухолифи хушунат, қатлу куштор, шиканҷа, хунрезӣ, даҳшатафканӣ, интиҳору инфиҷор ва бенизомӣ дар дилхоҳ низоми сиёсӣ ва ҷомеа аст.

Аммо ташкилот, гуруҳ, аҳзоб ва созмонҳои табоҳкору моҷароҷӯ дар гушаву канори дунё талош доранд, ки адён,аз ҷумла дини мубини исломро бадном созанд.Чеҳраи зебо ва низоми таълимоти муътадили онро сареҳатан сиёсӣ намуда, динро ҳамчун манбаъи терроризм ва экстромезим дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд.

Сирф сиёсӣ намудани ҷавҳари таълимоти дин ва аркону аҳкоми он хилофи ақоид ва усули тавҳид буда, ин раванд уммати исломиро аз меҳвари омузаҳои Қуръони карим ва таълимоти Паёмбари Худо (с) дур месозад. Ин равнд аз ҷониби душманони дини ислом идора ва сармоягузорӣ мегардад.

Дар баробари афзоиши хушунат ва ҳаросафканӣ аз ҷониби маргталабони ташкилотҳои террористӣ ва хоҷагонашон исломҳаросию исломситезии абарқудратҳои истилогар тавсеа ёфтааст. Авҷгирии амалҳои интиҳорӣ ва инфиҷорӣ заминаи сиёсӣ ва рушди идеолужии исломбадбинӣ ва исломҳаросиро дар ҷаҳони муосир тақвият бахшидааст.

Афроде,ки дорои афкору ақидаи ифротӣ ва такфирӣ ҳаст, ба моҳият ва талаботи аркону аҳкоми шариъат ва ахлоқи исломӣ  ягон эҳтиром қоил нест. Мухолифи ахлоқу ҷаҳонбинии исломӣ буда, таҳаммулпазирии мазҳабӣ ва дурандешии хирадмандонаи диниро қабул карда наметавонад, балки чунин шахс дар доми макру фиреби истилогарони ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои террористӣ гирифтор омада, ҳаёти ширини худ ва шахсони бегуноҳро табоҳ месозад. Ба ибораи дигар аксари мусалмонҳо бинобар сабаби дур шудан аз Қуръон ва суннату-н-Набӣ ба як механизми расидани ҳадафҳои нопоки қудратҳои манфиатхоҳи истилогар ва бозингарони  сиёсии ҷаҳон табдил ёфтаанд. Натанҳо нозу неъматҳои таббиӣ ва сарватҳои зери заминии кишварҳои мусалмоннишин диққати ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои манфиатхоҳи ғосибро ба худ ҷалб кардааст, балки онҳо кӯшиш доранд, тафаккур ва зеҳнияти исломии умматро дар асоси формула ва теоремаҳои эҷодкардаи ҷинояткорони байналхалқии кординалӣ ва муассисони пуржаҳои террористӣ таъғйир диҳанд.

Дастгоҳ ва ташкилотҳои терроризми байналхалқӣ дар ин ҷода барои расидан ба ҳадафҳои шум, осебзада ва хатарбори худ даҳҳо тамирнгоҳ, омузишгоҳ ва ҳатто донишгоҳҳои ба ном динӣ таъсис дода, ҷавонон ва ноболиғони исломиро дар рӯҳияи худкушӣ ва таъсиси давлати террористӣ ба номи   “Аморати исломӣ” ё “Хилофати исломӣ” шустушӯи мағзӣ менамоянд.

Ин авомили хатарзо ва пурфоҷиаро Пешвои миллат ба тарзи зебо баён намуда, мусалмонони кишварро барои шинохти таълимоти Имоми Аъзам –Абуҳанифа (р) ва хориҷ нагаштан аз он ҳушдор медиҳад: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад… Барои мусулмонони Ватани мо, ки пайравони мазҳаби муътадилу таҳаммулгарои ҳанафӣ мебошанд, ислом нишонаи имондорӣ, таҳким бахшидани ҷаҳони маънавӣ ва такмили одобу ахлоқ ба ҳисоб меравад”.

Пас зарур медонам,ки ба хотири ҳифзи амнияти давлатӣ, амнияти мазҳабию ҳифзи хотираи таърихӣ ва амнияти фарҳанги миллии тоҷикӣ перомуни масоили матраҳ намудаи Пешвои Миллат чанд нуқтаи муҳимро баён намоям, то ин ки шаҳрвандони азиз, аз ҷумла ҷавонони гармхун дар шинохти душманони миллат ва чеҳраҳои хабоиси террористӣ ва хоҷагони пушти девории онҳо ба иштибоҳ роҳ надиҳанд. Ба давлату миллат хиёнат насозанд ва бозичаи дасти ташкилотҳои террористӣ нагарданд.

Соли 1979 пас аз вуруди артиши Шӯравӣ ба хоки Афгонистон ҷангҳои чирикӣ ва муқовиматӣ дар ин сарзамин авҷ гирифт. Даҳҳо созмонҳои иттилоотӣ ва ташкилотҳои ҷангҷӯ вориди ин минтақа гаштанд. Дар як муддати кутоҳи таърихӣ зиёда аз 1 миллион сокинони Афғонистон кушта гашта ва шаҳру деҳаҳои ин мулк ба харобазор табдил ёфтанд.  Қудратҳои манфиатдор ва ташкилотҳои террористӣ аз ин фурсат истифода карда, ҳазорон тан аз ноболиғон ва ҷавонони Афғонистонро барои омузиши ҷиҳод ва ҷанг ба дигар кишварҳо ва лагерҳои махсус интиқол медиҳанд. Ҷавонон ва ноболиғони афғонӣ пас аз гузаштани курҳои махсуси террористӣ ба номи ҷиҳоди исломӣ тавассути муҳандисони пуртаҷрибаи низомии хориҷӣ ба Ватан интиқол гардиданд.

Онҳо бо дастгирии бевоситаи хоҷагони хориҷияшон дар кишвари Покистон ҳаракати “Толибон”-ро таъсис доданд. Айни замон “Толибон” зиёда аз 20 сол аст, ки аз кирдорҳои ваҳшатноки террористӣ даст накашидаанд, балки худкушӣ, худкафонӣ, интиҳор, инфиҷор ва қатлу куштори кормандони давлатӣ, хизматчиёни ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва қудратӣ барои онҳо шараф ва муқаддасоти олии динӣ маҳсуб меёбад. Онҳо иддао доранд, ки мо дар муқобили ҷаҳони куфр ва дастнишонҳои нерӯҳои хориҷӣ меҷангем ва то таъсиси “Аморати исломӣ” аз муқовимат ва ҷанг даст намекашем.

 Аммо таҳлилҳои айнӣ ва тахассусӣ нишон медиҳад, ки аъзоёни ҳаракати террористии “Толибон” дар давомаи зиёда аз 20 сол даҳҳо ҳазор мусалмони Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Низоми иқтисодӣ ва пуржаҳои иҷтимоии ин мулкро ба кулли хароб намуда, боиси афзоиши нооромӣ, бесуботӣ ва ҷойгир гардидани пойгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷ гаштааст. Ҳазорон сокинони Афғонистон ба хотири набудани амнияти давлатӣ тарки ватан карда, дар хориҷ аз Афғонистон қарор доранд.

Ҳаракати “Толибон” ба номи дини ислом пеш аз ҳама мусалмонони ин кишварро дар масҷиду бозор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таври бомбагузорӣ ва маргталабони интиҳорӣ қатли омм мекунанд.

Соли 2017 онҳо ба пойгоҳи амниятии минтақаи Балх дар Мазори Шариф шабехун зада, ҳангоми хондани намози таровеҳ дар моҳи шарифи рамазон зиёда аз 250 корманди ин ниҳодро ба таври ваҳшиёна ба қатл мерасонанд ва силоҳу муҳимоти ҷангии онҳоро ба худ бурданд.

Агар ба ин ҳодисаи мудҳиш аз нигоҳи исломшиносӣ ва меъёрҳои Қуръони карим бингарем, тамоми кирдору рафтори аъзоёни “Толибон” ягон иртибот ба дини мубини ислом ва аҳкому аркони он надоранд, балки онҳо дар зери шиорҳои исломӣ бар зидди мусалмонҳо ва муқаддасоти исломӣ меҷанганд. Ҷанбаи эътиқодии онҳо иборат аз аносири террористӣ буда, ин аносири зидди имониро таълимоти дин ва ҷиҳод дар роҳи Худо меҳисобанд. Ба ибораи дигар ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои манфиатдор аз насли навраси кишвари Афғонистон пуржаҳои террористӣ бо номи”Толибон”  сохтаанд, ки ин пуржаҳои толибонӣ қобилияти дарк ва маърифати омузаҳои исломиро надоранд.

Ҳаммонади ҳаракати террористии “Толибон” дар Афғонистон ва ташкилоти террористии “ДИИШ” дар Сурияву Ироқ даҳҳо созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби қудратҳои манфиатдор таъсис дода шудааст, ки онҳо талош доранд давлати қонунии Сурия ва президенти онро бо воситаи зур ва ҷанг сарнагун созанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бедории миллӣ ва шинохти башараи асли ташкилотҳои тундрави бемазҳаб мефармояд: “Танҳо дар давраи ҷанги Сурия 12 ҳазор нафар кӯдак ба ҳалокат расида, шумораи муҳоҷирони дохилӣ ба 7 миллиону 600 ҳазор нафар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар ҷанги Сурия то имрӯз 460 ҳазор нафар кушта шудааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам муноқишаҳои мусаллаҳона идома доранд, ки дар онҳо тақрибан 30 давлати дунё бевосита ё бавосита ширкат мекунанд.

Инчунин дар сад давлати дунё тақрибан 70 миллион нафар одамон бинобар нооромии вазъият ва амалҳои террористӣ манзили зист ва Ватани худро тарк кардаанд.” Ин арқом ва асноди раднашавандаи таърихӣ моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати тақдири фарзандон ва давлату миллат, забону фарҳанг ва дину мазҳаби худ бетараф набошем.

Бояд зикр кард ки дар қатлу куштори 12 ҳазор тифли бегуноҳ ва 600 ҳазор шаҳрванди Сурия  ифротиҳои тоҷик саҳмгузоранд. Ин гумроҳони тундрав дар зери ғояҳои бегонагонапарастӣ ва хавориҷ қарор гирифта,  шомили ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” гашта, ба таври ошкорову ғоибона ба Халифа-Абубакри Бағдодӣ байъат, яъне паймони шаръӣ бастанд. Дар амалиётҳои ҷангии “ДИИШ” алайҳи давлати Сурия ва Ироқ зиёда аз 500 ифротгароёни тоҷик  кушта гардиданд. Як қисми дигараш пушаймон шуда, дар асоси талошҳои мақомотҳои дахлдори кишвар ва ё бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргаштанд. Иддаи дигари ин ҷангҷӯёни тундрав ба Афғонистон баргашта, дар ҳолати омодабошии ҷангӣ қарор доранд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон барои шинохти вазъи сиёсии ҷаҳон ва аҳволи мусалмонон мегӯяд: “Имрӯзҳо кишварҳои бузурги олам дар ҳолати вазнинтарини ҷанги сард қарор гирифта, илм, иттилоот, иқтисодиёт, техникаву технология ва ҳатто динро ба василаи тарғибу ташвиқу манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ табдил додаанд.

Чунин ҳолат низому тартиботи ҷаҳониро заиф, адли умумро ноустувор намуда, ба таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона мусоидат мекунад ва вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсонро торафт мураккаб мегардонад.

Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмоннишин бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд. Яъне аксари мутлақи қурбониёни чунин дахолату муноқишаҳо ҳамоно мусулмонон мебошанд.

Чунин вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.”

Дар тақвияти суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон метавон гуфт, ки яке аз принсипҳои меҳварӣ ва калидии пешрафт ва тавсеаёбии ташкилотҳои террористӣ ва хоҷагони онҳо интиқол ва эҷоди ихтилофи мазҳабии суннӣ ва шиа дар кишварҳои исломӣ ва ҷомеаҳои мусалмоннишин мебошад.

Кишварҳои манфиатдор аз терроризми байналхалқӣ дар пайи эҷоди низоъ ва ихтилофи мазҳабӣ дар манотиқи мусалмоннишин ҳамасола миллионҳо доллар сарф менамоянд. Дастгоҳ ва ниҳодҳои махсуси гумоштавӣ ва диверсионии террористӣ ва экстремистӣ дар ин самт ба таври махфӣ ва силсилавӣ нақшаофаринӣ мекунанд.

Ҷавонони мусалмонро дар мактабҳои мухталифи идеологӣ ва ақидавии ба номи динӣ тарбия намуда, онҳоро ҳамчун гумошта ва муздурони ҳалқабагуши худ истифода мебаранд.

Бузургтарин дастоварди ташкилотҳои террористӣ ва қудратҳои манфиатдори моҷароҷӯ пеш аз ҳама эҷоди низоъ ва ихтилофи мазҳабӣ буда, онҳо дар ин самт метавонанд дар дилхоҳ кишвари мусалмоннишин оташи ҷанг ва хунрезиро бидуни мушкилот барафрузанд. Аз ин лиҳоз набояд ба эҷод ва тавсеаёбии низоъи суннӣ ва шиа дар ҷомеа роҳ дод.

Ба хотири таъмини амнияти давлатдории миллӣ ва якпорчагии кишвар бояд дар ин мавзуъ мутахассисони ҳирфаӣ ва уламои соҳибназари исломӣ изҳори ақида намуда, мардуми мутадайинро аз  инҳирофу парокандагӣ ва бегонапарстӣ дар асоси мавъизаҳои илмӣ ва динӣ огоҳу бохабар намоянд.

 Интиқоли низоъҳои сохтаи мазҳабӣ тавассути размандагони тундрави бемазҳаби “ДИИШ” ва дастгоҳҳои иттилоотии онҳо дар кишварҳои Миср, Лубнон, Судон, Сумалӣ, Туркия, Яман, Сурия, Ироқ, Афғонистон ва Озарбойҷон, Доғистон ва Чиченистон ба мушоҳида мерасад.

Уламои бедори динӣ ва фарзандони фарзонаи ин кишварҳо дар ивази ҷону моли худ кушиш доранд, ки ба тақвиятёбии ҷанг ва ихтилофоти мазҳабӣ роҳ надиҳанд. Амнияти давлатӣ ва тозагии мазҳаби худро ҳифз намоянд. Зеро ҷанге, ки ҷанбаи эътиқодӣ ва мазҳабӣ касб мекунад, думболи худ хасороти зиёди маънавӣ ва физикӣ дорад. Кишварро хароб ва иқтисодиётро комилан фалаҷ месозад. Дар ин замина хуни ноҳақ рехта, баракат аз кишвар ҳиҷрат мекунад.

Касоне, ки ба таблиғи идеологияи сиёсии “Вилояти фақеҳ”-и ҶИЭ ва дигар шохаҳои мазҳабии ташшаюъ, ба ҷуз шиаи исмолия дар муҳити динӣ ва иттилоотии Тоҷикистон даст ба коранд, яқинан иштибоҳи бузург намуда, барои наҳзатҳои террористӣ заминаи идеологӣ фароҳам месозанд.. Мо тоҷикон ниёз ба воридоти ягон ақоиди бегона надорем. Интиқол ва ё таблиғи ақоиди бегонапарасти дар муҳити динии Тоҷикистон ҷуз ниҳоли тафриқа ва низоъ ягон самари динӣ надорад. Ҳар ақоид ва равише, ки сабаби низоъ ва тафриқа мегардад, пеши густариши он гирифта хоҳад шуд.

Ман мутмаинам, ки мардуми мусалмони тоҷик нисбати пайравони ягон мазоҳиби исломӣ чашми бад надоранд, аз ҷумла нисбати пайравони равияҳои мазҳаби ташшаюъ. Интиқоли равиҳои мухталифи динӣ аз хориҷи кишвар тавассути миссионер ва зархаридон, ки омили ихтилоф ва бархурди ақидавӣ дар муҳити динӣ ва ҷомеаи тоҷик хоҳад гашт ба манфиати ташкилот ва ҳаракатҳои террористӣ мебошад.

 Худоро сипос, ки дарҳои масоҷид барои ҳамаи ибодаткунандагон кушода аст, ҳеҷ монеъа барои намозгузорӣ дар кишвар вуҷуд надорад. Аммо тангназарони каҷрав ва афроди дуруштсиришт ҳамоно дар паи эҷоди ихтилоф ва бадбинӣ қарор доранд.

 Террористони фурсатталаб ва аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамин ҳолати кор ва вазъиятро интизоранд ва онҳо барои ноором гардонидани авзои сиёсии кишвар  худро аҳли суннат муаррифӣ карда, даст ба қатлу куштор хоҳанд зад.

Шаклгирӣ ва таблиғоти шохаҳои мухталифи ташшаюъ чун мукаррамия, саълабия, хусия, 12 имома, зайдия ва карроматия дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро аҷзои пайкараи тафаккур ва андешаи тоҷикон дорои таълимоти Имоми Аъзам (р) ва Мотуридии Самарқандӣ буда, ба таври сареъ ташаккул ёфта, ниёз ба пазириши ягон ақоиди мазҳаби дигар надорад. Тамоми асарҳои эҷодкардаи уламои Бухорову Самарқанд дар асоси мактаби аҳли суннат ва ҷамоат навишта шуда, дар тули таърих амнияти мазҳабии ин минтақаро аз боду газанди рузгор ҳифз намудааст.

Аз нуқтаи назари Имоми Аъзам (р) ҳама аҳли қибла, аз ҷумла ташшаюъ мусалмонанд. Ҳеч аҳаде ҳаққи кофир ҳукм кардани аҳли қибларо надорад. Албатта дар  байни аҳли тасанну ва ташшаюъ дар шинохти масоили шаръӣ, шахсиятҳои маъруфи динӣ ва ҳокимияти сиёсӣ ихтилофот вуҷуд дорад, ки онҳоро дар мавриди зарурӣ ба хотири шинохти авомили осебпазир ва сарчашмаҳои ихтилоф баён хоҳем дошт.

Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ барои барҳамзадани Аморати Бухоро дар соли 1904 мелодӣ дар Самарқанд ва Бухоро ихтилоф ва низоъи суннӣ ва шиаро барангехтанд, ки дар натиҷаи он 4 ҳазор мусалмон дар якрӯз  бо дасти якдигар кушта гаштааст.

Таърихи гузаштаи халқи тоҷик ва ихтилоф ва низохои мазҳабӣ моро ҳушдор медиҳад, ки пеши роҳи ҳама гуна субъект ва объектҳои эҷодкунандаҳои низоъ ва ҷангҳои мазҳабию бемазҳабӣ дар муҳити сиёсию динии кишвари азизамон Тоҷикистон гирифта шавад.

Мазҳаби расмии аксарияти мусалмонони Тоҷикистон ҳанфӣ ва сокинони вилояти Бадахшони Кӯҳи шиаи исмолия буда, онҳо то имруз дар муҳити дӯстона, бародарӣ, хешутаборӣ ва ёру рафиқӣ зиндагӣ мекунанд.  Ягон маротиба низоъ ва ихтилофи мазҳабӣ барои барангехтани кинаву адовати динӣ байни мусалмонони ҳанафимазҳаб ва исмолия дар  Тоҷикистон сабти рақам нагаштааст. Аммо дар гумон аст, ки баъзе кишварҳои алоҳида ва ташкилотҳои террористӣ дар самти ангехтани оташи низоъи мазҳабӣ аз ҳамаи пуржа ва фишангҳои таъсиррасон самаранок истифода доранд.

Бояд бидонем, ки дар фазои иттилоотии ҷаҳон даҳҳо шабакаҳои иғвоангез ва саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ бо сармоягузории ташкилотҳои террористӣ ва кишварҳои алоҳидаи манфиатдор дар ҳолати талиғу ташвиқоти ихтилофи мазҳабӣ қарор доранд. Ровиёни ин шабакаҳои террористӣ курсҳои махсуси воизӣ ва ихтилофэҷодкуниро дар урдугоҳҳои махсус хатм намуда, тавассути дастгоҳҳои гумоштавии худ аз кишварҳои мусалмоннишин маълумотҳои заруриро ба даст меоранд.

Душманони ислом чеҳраи хашин ва башараи ифлоси худро дар зери шиорҳои исломӣ пинҳон намуда, пайваста оят, тафсири Қуръони карим ва аҳодиси шарифи Расули Худоро дар асоси пиринсип ва методологияи ташкилотҳои террористӣ шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Муштариён ва табошобинони худро фиреб намуда, ба доми макру дасисаи худ медароранд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад, ки амният ва бехатарии мазҳабӣ дар кишвар ба таври саҳеҳ ҳифз карда шавад. Пеши роҳи ҳамагуна тафриқа ва низоъҳои интиқолии динӣ дар ҳар шакле бошад, гирифта шавад. Покии дин ва тоъату ибодати ибодаткунандагон аз осебпазирӣ ва омехташавӣ ба ақоиди хатароноки ифротгароён таъмин гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: “ Вазъияти ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳон мову шуморо водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Зеро маҳз истиқлолияти давлатӣ ба мову шумо имкони зиндагии озод, ором ва осударо дар ин олами ноором додааст.

Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд як масъалаи ниҳоят муҳимро амиқ дарк намояд: вазъи имрӯзаи ҷаҳон танҳо ба халқу миллатҳое имкони вуҷуд доштану рушд карданро медиҳад, ки онҳо дар баробари донишманд, аз назари технологӣ пешрафта ва созандаву эҷодкор буданашон, инчунин, бояд сарҷамъу муттаҳид бошанд, ҳадафҳои стратегии давлат, ҳастии миллати худро дар ҳама ҳолат ҳифз карда тавонанд ва бозичаи дасти доираҳои ғаразноки сиёсӣ нашаванд”.

Ҳифзи амнияти давлатдории миллӣ ва тозагии мазҳабу фарҳанг аз аркони муҳими бедорӣ ва худшиносии миллӣ буда, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки саҳми худро дар муқовимат алайҳи наҳзатҳои террористӣ ва ифротгароӣ бигзорад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ

 коршиноси динии Осиёи Миёна.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply