• Бахтовар Сафаров
  • 09.01.2019
  • 5

Вохӯрии Ҳоҷӣ бо “Одами барфӣ”

Чилдухтарони Муъминобод мавзеи басо ҷолиб ва шикоргоҳи хуб аст. Бо даъвати ҳамкасбам Нурулло Ҳасанов рӯзи истироҳат бо мақсади кабкшикор ба Чилдухтарон рафта, шоҳиди ҳодисаи аҷибе гаштам, ки то ҳол ба касе онро нақл накунам, бовар намекунад.

Кабкшикор

Кабкҳои Муъминобод дар фасли тирмоҳ хеле фарбеҳ ва боби шикор  мешаванд. Ману Нурулло милтиқ дар китф аз ин пушта ба он пушта кабкҳоро пешандоз мекардем. Ман дар ин чанд соли охир танҳо бо қаламу коғаз кор карда, малакаи шикорчигиамро аллакай аз даст дода будам ва дар давоми ду соат ҳамагӣ се кабк задам. Нурулло, ки шикорчии моҳир буд, ба паси куҳ гузашта, аз назар нопадид гашт. Хомӯшии атрофро танҳо садои хониши паррандаҳо  халалдор мекарданд. Ман сахт хаста шуда, хостам андак дам гирам. Дар назди чашмае нишаста, аз борхалтаам нону ҳасиб баровардам ва нонро дар оби чашма тар карда, дулунҷа хӯрдан гирифтам, вале…

Махлуқи булаҷаб

Дар паҳлуи чашма як дарахти калони чормағзи ёбоӣ буд, ки шояд аз садсола ҳам зиёд бошад. Меваҳои он дар гирду атроф афтода буданд. Як-ду дона чормағзро шикаста, дар байни нон монда хӯрдам, чунон лаззати хуше дошт, ки ногуфтанӣ. Бисёр хушам омад ва аз замин боз чанд дона чормағзи ёбоиро чида, бо санг шикастан гирифтам. Машғули чормағзшиканӣ будам, ки якбора аз паси бутта як села кабк ба ҳаво парид ва чормағзе аз шохаи дарахт канда шуда, ба сарам зад. Кӯлоҳ дошта бошам ҳам, сарам дард кард ва беихтиёр ба боло нигоҳ карда, дар ҷоям шах шуда мондам. Дар яке аз шохаҳои баланди ин дарахти садсолаи чормағз ҷонвари аҷибе нишаста буд. Танаш пур аз пашм, вале чеҳраи ин ҷонвари булаҷаб ба одам шабоҳат дошт…

Чашмаки ман-чашмаки ту

 Ҷонвари пашмӣ бо чашмони мисли лахча суп-сурхаш хавотиромез ба поён, аниқтараш ба ман менигарист. Беихтиёр милтиқро аз паҳлӯям гирифта, миллашро ба ӯ рост кардам, аммо танҳо риши ягон бор алмосро надидаи ӯ андак ларзиду халос. Мани моту мабҳутгашта чӣ кор карданамро надониста, аз ҷоям бархостам. Ҷонвари одамсуроб низ як шоха поинтар фаромад. “Маймун бошад?” худ ба худ андешидам ман, вале ба ёдам расид, ки кишвари мо барои зисту зиндагии маймунҳо мутобиқ нест ва ба ғайр аз боғи ҳайвонот дигар дар ягон ҷойи Тоҷикистон маймунро вохӯрда намешавад….

Одами барфӣ

Дурусттар зеҳн монда дидам, ки он махлуқи булаҷаб як пора матои ҷинсро, ки шояд аз кадом сайёҳи хориҷӣ боқӣ монда бошад, ба байни пойҳояш баста, шармгоҳашро пинҳон намудааст. «Ақли маймун ҳеҷ гоҳ ба ин кор намерасад. Пас, ин чӣ махлуқ аст? Одами барфӣ!»-ин андеша барқсон ба сарам зад, зеро дар бораи мавҷудияти одами барфӣ дар куҳҳои Тоҷикистон ҳанӯз замони шӯравӣ бисёр навишта буданд. Ду маротиба барои ёфтани одами барфӣ ҳатто экспедитсияи махсус ташкил карданд, аммо он будан ё набудани чунин одамонро на рад карда тавонисту на тасдиқ.

Инак, дар рӯ ба рӯи ман намунаи чунин одам истода буд ва хавотиромез ба поён менигарист. «Одами барфӣ» тез- тез мижжа зада, роҳи халосӣ меҷуст, зеро дар пояи дарахт ман истода будам ва ӯ ҷои гурез надошт…

Қочмаган номард!

Милтиқро ба замин гузошта, хостам аз дохили борхалтаам дастгоҳи аккосиро барорам. Вақте хам шуда, халтаро аз замин гирифтам, якбора чизе ба тахтапуштам зад ва фотоаппарат ба як тараф парид. Дар як мижжа задан ҷонвари одамсуроб худро аз болои дарахти чормағз ба пушти ман ҳаво дода, ба тарафи харсангҳои калон давид. Бо азоб аксбардорро дубора ба даст гирифта бо қомати нимболо аз пасаш давидам, аммо ҷонвар чунин чусту чолок буд, ки аз санг ба санг парида, дар чанд сония аз назарам ғоиб шуд…

Сайди булаҷаб

Ман ба осонӣ ин сайди булаҷабро аз даст доданӣ набудам ва тамоми маҳорати шикорчигиамро ба кор бурда, махлуқро пайгирӣ кардам. Дар паси харсанги калон изи он ҷонварро пайдо намуда, аз пасаш равон шудам. Тақрибан як километр роҳро тай карда, ба мавзее расидам, ки бо харсангҳои калон-калоне иҳота шуда буд ва дар пешгоҳи он ғоре ба назар менамуд. Боэҳтиёт ба даромадгоҳи ғор расида, изи ҳамон ҷонвар ва чанд изи дигари ба он шабеҳро дидам. Қарор додам, ки дар ҳамин ҷо камин мегирам ва дар паси харсанге барои худ паноҳгоҳи  мувофиқ пайдо карда, интизори баромадани он махлуқи пашмӣ будам…

Ғори пурасрор

Пас аз гузашти муддате аз дохили ғор садои маҳини ба овози инсон андаке шабоҳатдошта шунида шуд. Гумон кардам, ки ҷонвари ман пешандозкарда ягон кӯдакеро ба ин ҷо овардааст ва ӯро хӯрданист. Милтиқро ба даст гирифта, хостам вориди ғор шавам, аммо ин дам ҳодисае рух дод, ки ман ҳеҷ интизораш набудам. Аз дари ғор аввал сари ҳамон махлуқе, ки ман пештар дар шохи чормағз дида будам, намудор гашта, бо диққат атрофро аз назар гузарониду баъд бо дасташ, ки ба ҷуз кафаш дигар ҳама ҷояш пур аз пашм буд, бо аломати “биё” ба даруни ғор ишора кард. Аз даруни ғор ба ҷонвари аввала монанд ҷонвари дигаре намудор гашт, ки чеҳрааш нозуктар аз ҳамроҳаш буд. Дар бағали ҷонвар тифле буд, ки пашмаш нисбатан камтар бошад ҳам, мисли ду қатраи об ба ин ду махлуқ монанд буд. Пай бурдам, ки ҷонвари аввала мардина ва дуюмӣ зан асту ин кӯдак бачаи онҳост. Онҳо маро, ки дар паси санг пинҳон шуда будам, намедиданд, вале барои «маскировка» як-ду шохи сербарги дарахтро  ба тарафи худам кашидам, то ки тамоман аз назар пинҳон шавам.

Моҷарои зану шавҳар

Ҷонварон бо эҳтиёт аз ғор баромаданд ва тифли тақрибан якуним- дусолаи худро ба рӯи сабза гузоштанд. Ин зану шавҳари булаҷаб бо овози  аҷибе байни худ гуфтугӯ доштанд. Аз калимаҳое, ки онҳо ба забон меоварданд, танҳо “ҷиии…” шунида мешуду халос, дигар ягон гапашонро фаҳмида натавонистам. Зан ҳам мисли шавҳараш “либос” пӯшида, шармгоҳашро бо як пора матоъ пӯшонда буд ва бо ҳарорат ба нарина чизе мегуфт. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки ғазаболуд аст. Ҷонвари нарина бо сари хам каме доду фиғони занашро гӯш карду баъд шояд ба хотири ӯро ором кардан аз пешбандаш панҷ-шаш дона чормағзи ёбоӣ бароварда ба дасти зан дод. Зан чормағзҳоро гирифту аввал яктояшро бо санг шикаста, ба даҳони худаш андохт, баъд дуюмиро шикаста ба бачааш дод. Бо дидани ин манзара ба ҳайрат афтида, худ ба худ андеша кардам, ки модар чӣ хеле, ки набошад, модар аст ва ҳамеша ғами фарзандашро мехӯрад.

Интизори идомаи ин саҳнаи аҷиб ҳатто нафас набароварда, ду чашмамро аз ҷонварон намекандам. Зани одами барфӣ бо гирифтани чормағзҳо андаке ором гашта бошад ҳам, ҳанӯз аз “ҷии…ҷии” гӯиҳояш  намемонд, ҷонвари нарина бошад, сарашро хам карда, ҷавоб намедод. Ниҳоят пас аз хӯрда тамом шудани чормағзҳо ҷонвари модина ба назди нарина омад ва боз чанд садои ба одамӣ монанд баровард. Ҷонвари нарина хост занашро бо меҳрубонӣ ором намуда, аз ӯ коми дил ситонад, вале модина ӯро ба худаш наздик шудан намонд. Нофармонии занаш ғазаби одами барфиро овард ва ба харсанге, ки ман дар паси он пинҳон шуда будам, наздик омада, шохи пурбаргеро, ки барои “маскировка” дар болои сарам гузошта будам, кашида гирифт. Аз афташ одами барфӣ мехост занашро бо чӯб мурданивор зада, ба ишқварзӣ маҷбур созад, вале чашмаш ба ман афтида, як лаҳза дар ҷояш шах шуда монд…

Фирор

Чашмбараки мо дер давом накард, одами барфӣ зуд ба худ омада, шохи дарахтро ба як тараф партофт ва бо садои   ғижжосӣ ба занаш чизе гуфту чанг зада тифлро аз рӯи алаф бардошт. Одами барфию занаш бачаашонро гирифта, ҷонҳавл рӯ ба гурез ниҳоданд ва аз болои сангу харсангҳо парида-парида, дар як дам аз назар ғоиб шуданд…

Дар манзили одамони барфӣ

Намедонам пас аз чанд лаҳза мани моту мабҳут ба худ омадам, вале аввалин фикре, ки ба сарам зад, он буд, ки чаро одами барфиро бо зану кӯдакаш расм нагирифтам.

Ин дам садои Нурулло баромад, ки номи маро гирифта, фарёд мекард. Ман ҳам дар ҷавоб овоз баланд кардам. Пас аз 20—30 дақиқа дӯстам ба наздам омад. Он чиро, ки дидам, ба вай нақл кардам. Нурулло аввал ба гапам бовар накард, вале баъди дидани пӯчоқи чормағз ва изи ҷонварони одамсурат ба рост будани суханони ман дигар шубҳа накарда гуфт:

-Биё, акнун бошишгоҳи онҳоро як хабар гирем. Канӣ бинем, хонаи одами барфӣ чӣ гуна аст.

Ман таклифи ӯро қабул кардам ва ҳарду ба ғор, ки тахминан 10 метр чуқур будааст, даромадем. Одами барфию занаш аз хаси мулоим ва шоху баргҳои хушкида “курпача” сохта, барои худ ва фарзандашон ҷойи хоб тайёр карда будаанд. Ин ҷонварони булаҷаб аз куҷое чанд латтапора низ ёфта, манзилашонро бо он «орову торо» додаанд. Дар як гӯшаи ғор як шохаи хушкидаи гули садбарги ёбоӣ ва як ҳамел ҷалғуза дар шакли шадда овезон буд. Моро бештар қуттии пачақи консерва ба ҳайрат овард, ки дар назди «ҷогаҳи хоб»-и зану шавҳар истода буд. Ин қуттиро каме молиш диҳӣ, як тарафаш мисли оина медурахшид ва дар он акси худро бемалол дидан мумкин буд. Нурулло бо дидани ин «оила» табассум карда гуфт:

-Зан ҳамеша зан аст!

-Мард ҳам дар ҳама ҷо мард аст,-гуфтам ман ва ба дӯстам лаҳзаи аз ишқварзӣ саркашӣ намудани занаш ва сахт ба ғазаб омадани одами барфиро нақл кардам.

Нурулло аз ханда қариб рӯдакан шуда, гуфт, ки айши одами барфиро талх намуда, ман бисёр кори нохуб кардаам. Ба гуфти ин дӯстам аз ин пеш ҳам чанд маротиба чӯпону шикорчиҳо бо ин ҷонварон рӯ ба рӯ шуда будаанд, вале одами барфӣ оилаашро аз одамон пинҳон карданӣ шуда, дарҳол бошишгоҳашро иваз менамудааст. Одами барфӣ мурад ҳам, вай дигар ба ин ғор намеояд ва кӯшиш мекунад, ки минбаъд ҳаргиз ба чашми одамизод нанамояд,афсӯс хӯрд Нуррулло ва пурсид:

-Ақаллан ягон сураташро гирифтӣ?

Сар ҷунбонда гуфтам:

-Танҳо якто (аксе, ки хонандаи муҳтарам дар саҳифа дида истодааст) Лаънатӣ фурсати аксгирӣ надод… Шояд соли оянда ин кор ба ману ту муяссар шавад. Дунё ба умед гуфтаанд…

А. ҲОҶӢ

Махсус барои “Оила”

дар арафаи Соли нав

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner