• Mardon
  • 06.04.2019
  • 0

Як мақоми аршади Ҳизби наҳзат аз ҳабс озод шуд

Ҷалолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон аз зиндон озод шудааст.

Хонаводаи Маҳмудов ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ӯ дар манзилаш дар ноҳияи Ҳисор қарор дорад.

20 июли соли 2015 Додгоҳи ноҳияи Ҳисор Ҷамолиддин Маҳмудовро бо ҷурми ғайриқонунӣ дастрас намудан, нигоҳ доштан, интиқол додан аз як ҷо ба ҷои дигар ва ба касе додани силоҳ ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум карда буд.

Департаменти давлатии Амрико дар Гузориши солонаи зуд дар бораи ҳуқуқи башар дар соли 2016 аз ҳодисаи боздошт ва зиндонӣ шудани Ҷалолиддин Маҳмудов ибрози ташвиш карда ва ин қазияро “сиёсӣ” хонда буд.

Дар пайи исёни нофарҷомигенерал Абдуҳалим Назарзода, собиқ мувоини вазири мудофиаи Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 аъзои раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва даҳҳо узви он ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Ду нафари онҳо ҳукми абад гирифтанд.

 Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Human Rights Watch мегӯянд, «баъди ҳаводиси солҳои 2015 беш аз сад нафар бо ангезаҳои сиёсӣ зиндонӣ шуданд».

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner