Як садама ҷони ду бародарро рабуд

ДИН ВА ҶОМЕА, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Рӯзи 10-уми октябри соли 2018, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Даймлер-Крайслер”, Мирахмедов Ёқубҷон Маҳкамович, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти бозори ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Вахш-Кӯшониён-Бохтар дар ҳудуди маҳаллаи Зарбдори шаҳри Бохтар, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили самти ҳаракати роҳ баромада, бо қисми пеши автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Ахмедов Умар Ҳамидович, соли таваллудаш 1960, сокини маҳалллаи Зарбдор, бармехӯрад. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Ахмедов У.Х. ва мусофири автомашинаи мазкур Ахмедов Қамариддин Ҳамидович, соли таваллудаш 1970, сокини маҳаллаи Зарбдор, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Мусофири дигари он ноболиғ, Ахмедов Абдулло Қамариддинович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегардад.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.


Поделиться новостью в социальных сетях:

Leave a Reply