• Administrator
  • 12.03.2019
  • 0

Ярмаркаҳои Наврӯзӣ дар Душанбе

Аз 16  то 20  марти  соли 2019 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор мегарданд. Ин ярмаркаҳо  дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи  ҷашни байналмилалии Наврӯз  ташкил карда мешаванд.

Тавре  аз  Раёсати  иттилоот  ва  робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ярмаркаҳои мазкур  дар КВД «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ,   буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон),   майдончаи назди бозори «Қарияи боло»-и ноҳияи Сино,  майдончаи назди КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ва   майдончаи назди КВД «Бозори Деҳқон»-и ноҳияи  Сино   ташкил гардида,   дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод мешаванд.

Ҳамчунин дар ярмаркаҳо аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти мавриди ниёзи аввал манзур карда мешаванд.

Рустами Эмомалӣ  ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки   дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани  ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои  савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд,  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро  ба ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал даъват менамояд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.